Конфронси байналмилалӣ: «Муаммоҳои инкишофи туризми байналхалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Душанбе, 02.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабри соли равон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Муаммоҳои инкишофи туризми байналхалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир мегардад.
Тавре аз Донишкадаи мазкур хабар доданд, дар он олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон, аспирантону унвонҷӯён ва мутахассисони идораву ташкилоти байналмилалӣ ва муассисаҳои олии кишвар иштирок менамоянд.
Дар конфронс роҳҳои истифодаи самараноки захираҳои туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаммо ва имкониятҳои рушди туризми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаҳо ва дурнамои рушди агротуризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои рушди туризм аз нигоҳи барномаҳои давлатӣ ва зарурати таҳия намудани барномаҳои туристӣ барои минтақаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мубрами соҳаи туризм мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешаванд.
Мақсад аз баргузории конфронс тарғиби бештари имкониятҳои туристии Тоҷикистон мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






