Кормандони милитсия донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгориро ба илмомӯзию ватандӯстӣ даъват карданд

Декабрь 29, 2016 11:06

ДУШАНБЕ, 29.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар вохӯрии кормандони милитсия бо омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои марбут ба илму донишомӯзии ҷавонон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва ҳолатҳои шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ изҳори назар карда шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар ҷамъомад сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, полковники милитсия Абдураҳим Раҳимзода тамоми паҳлӯҳои вобаста ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯёнро таҳлил кард. А. Раҳимзода иброз дошт, ки «дар зарфи 11 моҳи соли 2016 аз тарафи ноболиғон 647 ва аз ҷониби ҷавонон беш аз 5 ҳазору 350 ҳолати ҷиноӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин миён, мутаассифона, донишҷӯён низ дар содир намудани ҷиноят даст доранд. Аз тарафи онҳо 30 амали ҷиноӣ содир гардидааст».
Директори Коллеҷи муҳандисию омӯзгорӣ Зулайхо Зокирова ба масъулини ВКД барои вохӯрии судманд изҳори сипос намуда, изҳор дошт, ки чунин ҷамъомадҳо барои пешгирии ҷинояткорӣ дар байни донишҷӯён мусоидат мекунанд.

Декабрь 29, 2016 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд