«Най чаро менолад»-и Раҷабалӣ Қудратов ғолиби озмуни эҷодии Пажӯҳишгоҳи маданияти Ҷумҳурии Корея шуд
ДУШАНБЕ, 23.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Асари адиби тоҷик Раҷабалӣ Қудратов бо номи «Най чаро менолад» ғолиби озмуни Пажӯҳишгоҳи маданияти Ҷумҳурии Корея гардид. Ин озмун ҳамасола бо мақсади дарёфти беҳтарин ҳикояву афсона барои хонандагони хурдсол дар байни аҳли қалами Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Дар озмуни имсола асари адиби тоҷик Раҷабалӣ Қудратов бо номи «Най чаро менолад» ғолиб гардид ва он дар шакли китоби алоҳида ба забонҳои кореягӣ ва русӣ ба табъ расид. Ин асарро рассоми моҳир Ким Сонхи оро додааст»,-хабар дод манбаъ.
Ёдовар бояд шуд, ки чанде пеш ғолибони озмуни имсола ба «Фестивали афсонаҳои Осиё-2016» даъват шуданд ва он дар шаҳри Кванджуи Корея доир гашт. Дар доираи ин барнома миёни адибони Осиёи Марказӣ ва дӯстони кореягӣ мубодилаи афкори эҷодӣ сурат гирифт.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






