Намоиши асарҳои аккосони Ҷопон расман ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 20.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи намоиши аксҳои суратгирони Ҷопон таҳти унвони «Нигоҳе ба ҷаҳони муосир: аксҳои ҷопонӣ аз солҳои 1970 то имрӯз» баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллӣ иттилоъ дод.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи мазкур намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанги мамлакат, сафирони сафоратхонаҳои муқими Душанбе, донишҷӯён, аккосони касбӣ, сокинону меҳмонони пойтахт иштирок доштанд.
Муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назаров вобаста ба намоиши аксҳои аккосони Ҷопон иброз дошт, ки «дар ҳар яке аз ин аксҳо як пораи таърихи пурҷӯшу хурӯши Ҷопон, манзараҳои ҷолиби ин кишвар таҷассум ёфта, бинандаро бо таҳаввулоте, ки Ҷопон аз оғози солҳои 70-уми асри гузашта аз сар гузаронида буд, аз наздик ошно месозанд».
Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока зикр намуд, ки «Тоҷикистон дар арафаи таҳаввулоти бузурги иқтисодӣ қарор дорад ва намоиши асарҳои аккосони Ҷопон ба сокинони Тоҷикистон барои дарк кардани натиҷаҳои даврони рушди босуръати иқтисоду саноат мусоидат менамояд».
Хотиррасон бояд кард, ки намоиши аксҳо бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди Ҷопон бо мусоидати Вазорати корҳои хориҷии мамлакат, Китобхонаи миллӣ ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сурат гирифта, то 27 декабри соли равон идома меёбад. Даромад ба намоишгоҳ ройгон мебошад.




















Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






