Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: Захираи 900 тонна ангур ва 450 тонна себ барои фасли зимистон

Декабрь 10, 2016 10:12

Б. ҒАФУРОВ, 10.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар 8 сардхона ангур, себ, хурмо, полезиҳо ва дигар масолеҳи кишоварзӣ бо мақсади таъмин кардани бозор ва нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар давраи зимистон ва аввали баҳор захира карда шудаанд. Сардхонаҳои мазкур асосан барои захираи ангуру мева пешбинӣ шуда, ба соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд. Алҳол захираи ангури «тоифӣ» ва дигар навъҳои ангур ба 900 тонна расонида шудааст.
Ба сардхонаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 300 тонна себ аз боғҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Шаҳристон, Ашт харидорӣ шуда, дар сардхонаи «Баҳор» нигоҳдорӣ мешавад.
Дар сардхонаи соҳибкори инфиродӣ Саҳобиддин Иброҳимов дар шаҳри Гулистон 100 тонна себ ва 50 тонна биҳӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Дар масоҳати боқимондаи сардхонаҳои ноҳия захираи сабзавот, аз ҷумлаи сабзӣ, турбу шалғам, карам аз ҳосили кишти такрорӣ ба роҳ монда шудааст.

Декабрь 10, 2016 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст