«Оши палав» ба феҳристи ЮНЕСКО расман ворид карда шуд

Декабрь 2, 2016 15:33

Душанбе, 02.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми 4 рӯз аз 28 ноябр то 2 декабр дар пойтахти Эфиопия- шаҳри Аддис-Абеба ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ баргузор гашт, ки дар он бахшҳои гуногун аз кишварҳои ҷаҳон пешниҳод шуда буданд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 бахшҳои «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» ва «Наврӯз» барои сабт гардидан ба Феҳристи шаклии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ пешниҳод гашта буд. Ин бахшҳо аз санҷишу омӯзиши комиссияи мутахассисони ЮНЕСКО гузашта, 30 ноябр дар ин ҷаласаи бонуфуз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва бо гирифтани аксари овозҳо расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуданд.
Акнун аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин феҳрист се намунаи фарҳанги ғайримоддӣ сабт шудаанд. Инҳо: «Шашмақом» (соли 2008, ҳамроҳ бо Ӯзбекистон), «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» (2016) ва «Наврӯз» (2016, ҳамроҳ бо Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон).
Бояд гуфт, ки омода сохтани ҳуҷҷатҳои бахшҳои «Оши палав» ва «Наврӯз» аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо сардории олими шинохтаи тоҷик Дилшод Раҳимов таҳияву тарҷума ва ба дафтари мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО фиристода шуданд. Аз соли 2013 дар Пажӯҳишгоҳи мазкур гурӯҳи «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ» фаъолият мекунад, ки сарвари он Д. Раҳимов мебошад. Дар ин гурӯҳ инчунин Н. Қличева, А. Аминов ва З. Холмуродов шомил буда, аз ҷониби ин гурӯҳ «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» тартиб дода шуд, ки он 515 унсури фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷикро дар бар мегирад ва соли равон бо забони тоҷикӣ ва англисӣ аз чоп баромадааст.

 

 

Декабрь 2, 2016 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд
Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории бостонии Сайёд шинос шуд
РИОЯИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барои блогерон даври омӯзишӣ гузаронида мешавад
Аз ноҳияи Темурмалик ёдгориҳои нодири мансуб ба асри биринҷ ва давраи Кушониён бозёфт гардиданд
Китоби «Дар ҳавои Мавлоно»-и Раҳмоналӣ Мирализода рӯнамоӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Осорхонаи таърихии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таъсис дода шуд