«Оташаки гумроҳ»-и Тэтсуо Миура ба тоҷикӣ ба табъ расид

Декабрь 5, 2016 15:43

Душанбе, 05.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Китоби «Оташаки гумроҳ»-и Тэтсуо Миура, нависандаи суннатгарову анъанапараст, тарафдори урфу одатҳои миллии Япония бо забони тоҷикӣ тарҷума гашта, аз чоп баромад. Маҷмӯаи ҳикояҳо аз ҷониби Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Қурбонов тарҷума шудааст.
Тэтсуо Миура масъалаҳои муҳими рӯзро, ки тамоми аҳли Японияро даҳсолаи охири асри гузашта ба ташвиш оварда буданд, ба миён гузоштааст. Оқибатҳои талхи ҷанги дуюми ҷаҳон, аз байн рафтан ё паст шудани деҳоти патриархалӣ, танҳоии шахс дар олами сармоя аз мавзӯъҳои асосии ҳикояҳо ба шумор мераванд.
Хусусияти нотакрор ё фарқкунандаи асарҳои нависанда- ин истифодаи лирика ва дақиқияти рӯҳия ба шумор меравад.
Доктори илми филология Шамсиддин Солеҳов дар пешгуфтор баён доштааст, ки насри муосири Япония бо чандин сифатҳои ҷолиби адабию ҳунарии нотакрораш дар байни хонандагони муосири адабиёти ҷаҳон шўҳрат дорад. Нависандагони муосири ин кишвар, дар баробари суннатгароӣ ва таъсирпазирӣ аз дастовардҳои адабиёти гузаштаю муосири халқҳои мутамаддин, дар замони мо осореро ба вуҷуд меоваранд, ки он дар ҳамаи гўшаю канори дунё мавриди таваҷҷуҳи хонандагони сершумор ва аҳли завқ қарор гирифтааст.
Тавассути тарҷумаи Абдуғаффор Қурбонов ва нашри маҷмўа хонандагон метавонанд бо ҳаёти рангини мардуми Япония, ҳунару истеъдоди адабии Т. Миура ва дунёи нотакрори асарҳои ў аз наздик ошно гарданд.

Декабрь 5, 2016 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид