Пагоҳ дар Театри давлатии академии опера ва балет маҳфили ҳунарӣ ва адабии Ҷӯрабек Назрӣ доир мешавад

Декабрь 8, 2016 16:14

ДУШАНБЕ, 08.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маҳфили ҳунарӣ ва адабии олим ва овозхони маънисаро Арбоби санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯрабек Назрӣ 9 декабри соли 2016 соати 17:00 дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад.
Маҳфили ҳунарӣ ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 50-солагии фаъолияти эҷодии Ҷ. Назрӣ бахшида шудааст. «Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-солагии Истиқлолияти худро таҷлил намуд. Ҳар як фарди ватандӯст мехоҳад, ки бахшида ба ин санаи таърихӣ суруду оҳангҳои ватандӯстонаву сулҳпарваронаро бештар шунавад, зеро оҳангу суруди асил дар тарбияи мардум дар рӯҳияи мардонагӣ, матонат, олиҳимматӣ, муҳаббат ба Ватан нақши босазо мегузоранд»,-гуфт Ҷӯрабек Назрӣ зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар маҳфили ҳунарӣ сурудҳои тозаэҷоди ватанпарварона ва дорои маъниҳои баланд аз ашъори шоирони классики мо Мавлоно ва Ҳофиз сароида мешаванд.
«Суруду мусиқӣ рамзи тинҷию ободӣ ва сулҳу салоҳанд. Баргузор намудани маҳфилҳои ҳунарӣ, адабӣ ва эҷодӣ шаҳодати ин гуфтаҳост. Албатта, саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди санъати тоҷик хеле калон аст. Бо талошҳои пайвастаи ин марди бузург ба мо, санъаткорон имконият фароҳам омад, ки дар васфи Ватан, Модар ва муҳаббат сурудҳо эҷод намоем»,-зикр намуд Ҷӯрабек Назрӣ.
Ҷӯрабек Назрӣ баъди солҳои 60-ум бо сабку услуби тоза ба майдони ҳунар омад ва дар заминаи сурудҳои суннатии ҳазорсолаи тоҷикӣ «бо рангу бӯи тииб» ва «ороиши аҷиб», ки тарабангезу тараннумсозанд, оҳангҳо офарид.
Мусиқии ӯ дар назокату латофат аз мусиқии дигар ҳофизон ба куллӣ фарқ мекунад. Дар мавриди интихоби матн низ тавоност.
Маҳфили ҳунарӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академии илмҳои ҶТ созмон дода мешавад.

Декабрь 8, 2016 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд