Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – дурнамои стратегии рушди инкишофи ҷомеа

Декабрь 23, 2016 15:16

ДУШАНБЕ, 23.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дарвоқеъ, Паёми имсолаи  Президенти кишвар ҳуҷҷати стратегиест, ки дар он дастовардҳои асосии миллӣ дар  замони  соҳибистиқлолӣ мавриди баррасӣ қарор ёфтаанд. Махсусан се ҳадафи стратегии  миллии пешниҳодшуда-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникационӣ ва ҳифзи  амнияти озуқаворӣ таҳлил ёфта, сатҳи амалишавии онҳо бо далелу рақамҳои мушахас пешниҳод гардидааст. Ҳамзамон дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диди хеле амиқ ва ҳаматарафа санҷидашуда оид ба таҳлили вазъи мавҷудаи ҳаёти ҷомеа ва пешбинии самти инкишофи он барои солҳои минбаъда ҷой дода шудааст. Мутолиа ва дарки муносиби муҳтавои Паём ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир зарфияти таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоиштаю сулҳомезро истеҳком мебахшад. Муқоисаи рақамҳои оморие, ки дар Паём барои нишон додани суръати рушди ватанамон оварда шудаанд, дар замири ҳар фарди ин диёр ҳисси баланди ифтихору масъулиятнокиро ҷой медиҳад.

Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти ҶТ зарурати баландбардории сифати рушди инсониро тавассути татбиқи чорабиниҳои муҳиму самаранок дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла иқтисодиёт, маориф, энергетика, шуѓли аҳолӣ, соҳибкории истеҳсолӣ  таъкид намуданд. Таъмини иҷрои ин масъала барои ҳамаи мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷамъиятӣ муфассал асоснок карда шуд. Дар ин самт тақвият бахшидани ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, муҳайё намудани ҷойҳои иловагии корӣ, инчунин ворид намудани технологияи муосир, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ташкили корхонаҳои муштарак, мусоидат намудан ба таъсиси ҷойҳои кории сифатан нав ва таъмини музди меҳнати арзанда дар бахши давлатию хусусӣ, бунёди шумораи зиёди корхонаҳои нав дар соҳаи саноат аз ҳадафҳои афзалиятноки минбаъдаи давлат арзёбӣ гардиданд.

Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки дар Паём махсус таъкид гардид, ки кишвари мо барои ташкили муассисаҳои истироҳатию тандурустӣ, сохтмони иншооти курортию санаторӣ, базаҳои сайёҳӣ, лагерҳои тандурустӣ имкониятҳои калон дорад. Самаранок истифода бурдану инкишоф додани онҳо вазифаи умумидавлатӣ ва махсусан соҳибкорон буда, бо ин роҳ кафолати ҳуқуқи истироҳатро боз ҳам ривоҷ додан мумкин аст. Бо дарназардошти мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихию фарҳангӣ, манобеи нодири табиӣ, имкониятҳои васеи рушди сайёҳию кўҳнавардӣ ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷиро барои ҳифз ва рушди ин соҳаҳо афзун намудан зарур аст. Барои дар амал татбиқ гаштани ин ҳадаф ширкатҳои сайёҳӣ аз андоз барои панҷ сол озод карда шуданд.

Дар баробари ин, ҳал намудани мушкилот ва масъалаҳои мавҷудаи ҷавонон, масъалаи маориф ва таълиму тарбия, масъалаи ҷалби онҳо ба омўзиши илмҳои дақиқ, масъалаи бо ҷои кор таъмин намудани ҷавонон аз самтҳои асосии фаъолияти давлат дониста шуданд. Дар робита ба ин пешниҳод гардид, ки соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон эътироф карда шавад ва дар партави он ҳалли масъалаҳои умдаи ба ҳаёти ҷавонон алоқаманд мадди назар қарор гирад.

Яке аз таҳдидҳои асосии умумисиёсии ҷаҳони муосир- ин таҳдиди терроризми умумӣ мебошад, ки ба он Сарвари давлатамон махсусан таъкид намуданд. Терроризм ҳамчун идеологияи нави ҷиноятбор рўз то рўз ба ҷараёни мўътадили ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон зарбаҳои нав ворид месозад. Дар амалиёти террористӣ имкониятҳои воситаҳои коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи Интернет васеъ истифода бурда мешаванд. Аз сабаби набудани муносибати яксон бо ин падида дар бештари маврид роҳ барои густариши фаъолиятҳои тахрибкоронаи чунин гурўҳҳо кушода мешавад, ки дар робита ба ин Президент таъкид намуданд, ки бояд кишварҳои олам аз чунин муносибати духӯра бо ин гурўҳҳо даст кашанд.

Ҳамзамон Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вазорату идораҳои марбутаро доир ба  рафъи камбудиву мушкилот ва  таъсиси ҷойҳои  нави корӣ вазифадор намуданд, ки дар як сол ду маротиба ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд.

Ҳамин тавр, дар Паём вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ  ва хориҷии мамлакат, масъалаҳои  худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи  истиқлолияти  сиёсӣ, пойдории ваҳдату суботи кишвар  дастурҳои мушаххас пешниҳод шудаанд, ки муҳимият ва эътибори авалиндараҷаро талаб менамоянд.

Паёми навбатӣ барномаи  рушди  Тоҷикистони азиз ва некуаҳволии миллат аст.

 

                       Абдураҳмон МУҲАММАД,

Директори  Институти    фалсафа, 

сиёсатшиносӣ  ва ҳуқуқи АИ ҶТ

Декабрь 23, 2016 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст