Паёми Пешвои миллат: Барномаи иҷрои дастуру супоришҳо

Декабрь 31, 2016 12:55

ДУШАНБЕ, 31.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. 30 декабри соли 2016 дар Маркази исломшиносии дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати кормандон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар он директори Марказ Файзулло Баротзода гузориши илмии худро зери унвони «Паёми Пешвои миллат: барномаи иҷрои дастуру супоришҳо» манзури ҳозирин намуд, ки матни комили он дар шаклу муҳтавои зерин таҳия шудааст:

Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро месазад, ки ҷамъбасти дастовардҳои кишвар баъди ҷашни баркамо­лии чорякасраи истиқлолияти давлатӣ, оғози марҳалаи сифатан нави созандагию бунёдкорӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки кору пайкор барои боло бурдани некўаҳволии мардуми шарифи Тоҷикистон ва таъмини рушди устувори иқтисодиёти он баҳогузорӣ намуд. Андару­ни ин Паёми сарнавиштсоз фаъолияти вазорату кумита, созмону ташки­лот, ҳаёти сиёсию идеологӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ, раванди ташаккули иқтисодиёти дорои моликиятҳои гуногун ва такомули инфрасохтории онҳо ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ гардида, роҳу усулҳои рафъи безарари камбудиҳои мавҷуда ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ нишон дода шудааст. Дар баёни Пешвои миллат озодию истиқ­ло­лият «дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ» муаррифӣ гардидааст, ки барои бедор намудани эҳсосоти ватандорию ватандўстӣ ва ба сўйи ободонию шукуфоӣ раҳнамун сохтани мардуми кишвар, бахусус насли ҷавон андешаи ниҳоят муҳим мебошад. Махсус таъкид гардид, ки соли сипаришаванда барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ва бобарор буда, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст мешавад.

Сазовори ёдовар шудан аст, ки дар Паёми имсола доир ба самтҳои ҳассоси вазъи ҳаёти динии кишвар, зарурати ислоҳи камбудиҳои ҷой­дош­та, ғамхории холисона зоҳир намудан ба ҷавонон, танзими анъанаву маросимҳои миллию динӣ, таъмини риояи муқаррароти қонуни масъу­лияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ва нишон додани нақши осори гаронбаҳои гузаштагон дар тақвияти истиқлолият ва пойдории фарҳанги миллӣ барои ниҳодҳои дахлдор дастуру супоришҳои судманд пешниҳод гардид.

Нахуст, Пешвои миллат зимни ҷамъбас­ти марҳилаи тайшудаи даврони истиқлолият ёдовар шуданд, ки бадхоҳони миллати тоҷик барои пиёда намудани мақсадҳои палид ва ғаразноки худ мехостанд ба сари мардуми мо мазҳабу фар­ҳан­ги бегона ва андешаи ботили бунёди «давлати исломӣ»-ро таҳмил кунанд. Ба­рои бартараф намудани оқибати чунин рафтори тундгароёна заҳмати чандинсолаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хароҷоти зиёд лозим омад. Ин нукта моро ҳушдор медиҳад, ки тамоми саъю талош ва имконияту захи­ра­ҳои мавҷударо ба он равона созем, ки барои чунин андешаву ҷаҳон­бинии номатлуб дар фазои иттилоотии кишвар ҷойгоҳе боқӣ намонад.

Аз ҷониби дигар, Сарвари давлат зикр намуданд, ки «дар замони истиқлолият беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд». Корҳои дар самти раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ анҷомёфта воқеан  «қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро танҳо дар замони истиқлолият ба як кишвари воҳид» табдил доданд. Ин иқдоми ватандўстонаи созандагӣ  барои пайванди ногусастанӣ пайдо кардани шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Ба шарофати бунёди роҳҳои оҳан ва мошингарди дохилӣ, нақбу  пулҳо ва хатти интиқоли барқ табодули босуръати тиҷорати молҳои саноатӣ ва кишоварзӣ таҳаққуқ мепазирад. Дар пояи ин дигаргуниҳо дўстию рафоқат, ҳамкорию рафтуомад, қаробати хешутаборӣ ва урфу одатҳо мазмуну муҳтавои тоза касб мекунанд, ки боиси устувор шудани сулҳу субот, ваҳдату ягонагии саросарӣ ва ба вуҷуд омадани фазои ягонаи иқтисодию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ шуда истодааст. Додуги­рифти ҳамешагӣ ва бо ҳам аз наздик шинос шуданҳои ҳафт иқлими ҷумҳурӣ шиддати хурофот, пойбанди динзадагӣ будан, тундравию ифротгароӣ ва андешаҳои тахайюлӣ нисбат ба якдигарро ниҳоят коста кард. Густариши ҳамкории вилоятҳо манфиати иқтисодию тиҷоратиро болотару волотар аз ҳама гуна манфиатҳои дигар гардонид.

Масъалаи сеюми ниҳоят муҳим, ки барои амнияти динию эътиқодӣ ва қавмию мазҳабии кишвари мо таъсиргузор аст, ин проблемаи бунёди ҷойҳои корӣ ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи некўаҳволии мардум мебошад. Дар ин самт ду маълумоти муҳим дар Паёми имсола ба мушоҳида расид: якум, таъсис додани зиёда аз як миллион ҷойи кор ва дуюм ҳамасола фаро гирифтани беш аз 100 ҳазор нафар ҷавонон ва калонсолон ба омӯзиши касбҳои гуногун ва бозомўзӣ. Бояд гуфт, ки дар таҷрибаи соҳибихтиёр шудани кишварҳо масъалаи мутобиқ сохтани шаҳрвандон ба шароити зиндагии тамоман нав ва ба кори судовар ҷалб намудани онҳо яке аз вазифаҳои стратегии давлатҳои миллӣ мебошад. Роҳбарияти сиёсӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоӣ ин вазифаро сарбаландона иҷро карда истодаанд. Пешвои миллат такроран ба таваҷҷуҳи мардуми ҷумҳурӣ расониданд, ки «бори дигар таъкид месозам, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имконият­ҳоя­монро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохтаем». Қабули барномаи давлатии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» низ ба хотири расидан ба ҳадафҳои волои иҷтимоӣ ва тақвияти сармояи инсонӣ қабул гардидааст. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳар сол на камтар аз 100 ҳазор ҷойҳои кории нав бунёд карда шаванд.

Се дигар мавзўи ба фаъолияти мо алоқаманд таҳкими пояҳои ахлоқии ҷомеа, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муарри­фии шоистаи он ба ҷаҳониён мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки роҳбарият ва ҳукумати ҷумҳурӣ аз рўзҳои нахустини соҳибихтиёрӣ назорати масъалаҳои мазкурро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, ҳар сол дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани маърифа­ти ҳуқуқӣ ва динию мазҳабии мардум, нашри намунаҳои осори гузашта­гон ва дастраси оммаи васеи хонандагон гардонидани он қадамҳои устувор гузошта истодаанд. Воқеан яке аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлолият эҳёи арзишҳои моддӣ ва маънавии таърихи пурифтихори ниёгон ва ба манфиатҳои фарҳанги миллию динии мо созгор намудани он аст, зеро бе донистан ва дуруст омўхтани гузашта бунёди рўзгори имрўза ва муайян намудани уфуқҳои рушди оянда номумкин аст. Дар доираи консепсияи «гузашта, ҳозира ва оянда» дуруст ба роҳ мондани муаррифии фарҳанги миллӣ барои ҷаҳониён фазои солими иттилоотӣ, илмию фарҳангӣ ва динию эътиқодиро дар қаламра­ви кишвар чандин маротиба қавӣ мегардонад ва дар тарбияи рўҳияи ватандўстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир мебозад. Корҳои зиёди дар ин самт иҷрошуда барои тағйир додани имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваҷҳи некў мусоидат намудааст ва арзишҳои волои миллӣ ва динии миллати тоҷик дар матни фарҳанги ҷаҳонӣ ҷойгоҳи муносибе пайдо кардааст. Вазъияти бо суръати кайҳонӣ тағ­йирё­банда дар сиёсати ҷаҳонӣ тақозо мекунад, ки фаъолиятҳои пурсамарро дар ин самт беҳтару бештар намоем.

Ба андешаи мо, ташаббуси хирадмандонаи Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосири тоҷик ва Соли ҷавонон эълон кардани соли 2017 масъалаи муҳими чаҳорум аст, ки барои пешгирӣ намудани шиддати ифротгароӣ ва рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон мусоидат мекунад ва иштиёқу ҳавасмандии онҳоро барои анҷом додани корҳои созанда афзун мегардонад. Илова бар ин, таваҷҷу­ҳи махсус зоҳир гардидан ба масъалаи фарогирии шумораи бештари бонувон дар корҳои давлатӣ ва хизматрасонӣ бар он далолат мекунад, ки дар доираҳои роҳбарияти олии кишвар ба бозандешии мақому манзалати иҷтимоии ҷинси латиф эҳтироми бузург қоиланд. Бо камоли масъулиятшиносӣ изҳор гардид, ки барои амалӣ намудани ташаббусҳои занон минбаъд низ тамоми  тадбир­ҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Зиёда аз ин, тазаккур дода шуд, ки «имрўз бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ қисми зиёди кормандонро ташкил карда, аз шумораи умумии хизматчи­ёни давлатӣ 23 фоизро занон ташкил медиҳанд». Барои беҳтар намудани ин нишон­диҳанда зарур дониста шуд, ки муассисаҳои низоми бонкӣ, хада­мо­ти алоқа, шуғли аҳолӣ ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ соҳаҳои беш­тар барои фаъолияти занону духтарон созгор дониста шаванд. Муайян намудани квота ва имтиёзҳо барои дастгирии занону духтарон дар зи­наҳои гуногун иқдоми муҳим дар роҳи таъмини баробарҳуқуқии зано­ну мардон баҳогузорӣ шуд. Воқеан амалисозии барномаҳои марбут ба ҳи­мо­яи иҷтимоии манфиатҳои бонувону ҷавонон пойдевори устуворе дар бунёди ҷомеаи солими озод аз ҳар гуна хурофоту ифротгароӣ хоҳад буд.

Ҷанбаи ҷиддии панҷум дар Паёми имсола таъкиди ҳамон воқеияти бебаҳс буд, ки «Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ буда, дар он таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ кафолат дода шудааст». Барои татбиқи ормонҳои ин арзиши конститутсионӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ дар сатҳи ҷомеаи муосири мутамаддин тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ қабул гардидаанд, ки онҳо дар фазои ҳуқуқии ҷумҳурӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, пешрафти иқтисодиёт ва соҳибкориро кафолат медиҳанд. Барои дар мафкураи шаҳрвандон ҷойгузин шудани ин меъёрҳо ниҳодҳои дахлдорро зарур аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш диҳанд. Дар маҷмўи ин иқдомҳо ба омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ бартарият дода шуд. Дар ҳақиқат мавзўи танзими ҷашну маросимҳо ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон аз ҷумлаи масъалаҳои мубраме ҳастанд, ки ҷорӣ шудани муқаррароти онҳо дар зеҳну тафаккури мардум фаъолияти пайгиронаи тўлониро тақозо менамояд. Дар ҳошияи ҳамин масъалагузорӣ хусусияти ташвишовар ва глобалӣ касб намудани масъалаи терроризм ва экстремизм низ бори дигар таъкид гардид. Ин ҷиҳати масъала моро ҳушдор медиҳад, ки ҳанўз ҳузури афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, тавсеаи терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, хатари ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ аз матни бозиҳои геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ берун наомадааст. Гуфтан мумкин аст, ки дар байни саркашӣ аз иҷрои муқаррароти қонунҳои амалкунанда, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва пайвастан ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ робитаи ноаёне мавҷуд аст, ки бояд тавассути корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳӣ гусехта шавад.

Мавзўи муҳими шашуми Паём аз мавқеи мушоҳидаҳои мо дастовардҳо ва самтҳои меҳварии сиёсати «дарҳои кушода»-и хориҷии ҷумҳурии мо буд, ки ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори мамлакат ва мусоидат ба таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нигаронида шуда­анд. Пешвои миллат изҳор доштанд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст». Муждаи фараҳбахши аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани пешниҳоди нави Тоҷикис­тон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалӣ дар доираи Барномаи амали «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дастоварди муҳими диплома­тияи тоҷик мебошад. Зикр намудан бамав­рид аст, ки мавзўи об, қудсият ва истифодаи сарфакоронаи он дар фарҳанги миллӣ ва динии миллати тоҷик ҷойгоҳи пурарзише дорад. Об ифодагари шукуфоӣ, нашъунамо, таровату зебоӣ, хуррамию сарсабзӣ ва омили қавианосири фарҳангсоз аст. Беҳуда нест, ки дар таомули марду­мии мо таъбири «обу ободӣ ва ободонӣ» вирди забонҳост. Ин чунин маъно дорад, ки маҳз об ва захираҳои обӣ дар зеҳну тафаккури миллати мо эҳёгари шаҳру шаҳрис­тон – ҷойҳои обод ва боғу бўстон мебошанд ва ҳарду дар ниҳояти кор мўҷиби ободонӣ, яъне шаҳрнишинию шаҳрсозӣ мегарданд. Аммо дар платформаи мантиқи офариниши қуръонӣ ҳам мафҳуми об ҷойгоҳи қудсӣ дорад. Худ қазоват кунед, ки Қуръон таъкид мекунад: «Ва ҳар чизи зиндаро аз об пайдо кардем» (Анбиё, 21:30). Дар Китоби муқаддаси мусулмонон ҳар ҷо сухан дар бораи сифоти биҳишту фирдавси барин доир гардад, таъбири маъруфи «ҷаннотин таҷрӣ мин таҳтиҳо-л-анҳор» — «биҳиштҳое, ки аз зери онҳо ҷўйҳо равонанд» зикр мешавад. Ҳамчунин дар вопасин лаҳзаҳои дунёро падруд гуфтани фарди мусулмон дар сари гўр ояти зерини сураи «Таборак» хонда мешавад: «Бигў: «Оё мебинед, агар оби шу­мо (ба замин) фурў равад, пас, кӣ ба шумо оби равонро биёрад?» (Мулк, 67:30). Яъне об аз оғози зода шудани инсон то нафасҳои охирин ҳамсафари ўст. Дар фиқҳи ҳанафӣ низ масъалаи танзими ҳуқуқии масъалаҳои об ва мақоми мавзеъҳои болообу поёноб ҳалли мўшикофо­наи аҳкомии худро пайдо намудааст. Беҳуда нест, ки мазҳаби ҳанафӣ дорои мактабҳои мовароуннаҳрӣ, ироқӣ ва мисрӣ аст. Дар Мовароунаҳр дарёҳои Амударё ва Сирдарё, дар Ироқ – Даҷлаву Фурот ва дар Миср – Нил ҷорӣ аст. Аз ин рў, масъалаи фиқҳи об дар ин таълимот бозгўи фарогир ва барҷаста дорад, ки аҳамияти корбурди худро дар ҳуқуқи байналмилалии муосир низ гум накардааст.

Аммо ҷамъбасти мантиқӣ ва сазовори ҷашни армуғонии 25-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони азиз дар ҷумлаҳои зерини Паёми Пешвои миллат бисёр мутантан баён гардиданд: «Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бо нангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад».

 

Декабрь 31, 2016 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст