Продюссери «Суғдсинамо»: «Баъзе саҳнаҳои «Тангно» дар Москва ба навор гирифта мешаванд»
ДУШАНБЕ, 09.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сабти филми нави Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба итмом расид.
Тавре аз Хадамоти матбуотии вилоят иттилоъ доданд, филми нав, ки аз рӯи асари Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон дар ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷакент ба навор гирифта шуд, «Тангно» ном дорад.
«Ҷараёни наворгирии филми мазкур 75 рӯз идома ёфта, дар он ҳунармандоне, чун Раҷабгул Қосимова, Аҳлиддин Шарипов, Истад Мамадҷонова, Бунёд Комилов, Сӯҳроб Ҷанҷолов ва дигарон нақш бозидаанд. Филм дар жанри мелодрамма омода шуда, бозингарони нақшҳои марказӣ- кӯдаки 10-сола Армон-Муҳаммадшариф Раҳматуллоев ва модари ӯ Розия- Сурайё Ҳакимова мебошанд»,-хабар дод манбаъ.
Бино ба иттилои продюссери «Суғдсинамо» Дилошӯб Орифзода, бархе аз саҳнаҳои филми «Тангно» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба навор гирифта мешаванд.










Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






