Шарҳи Паёми Пешвои миллат дар ДМИТ

Декабрь 28, 2016 14:47

dmit Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) бахшида ба баррасии дастуру ҳидоятҳо ва вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикршуда бо иштироки кормандону устодон ва донишҷўён ҷаласа баргузор гардид.
Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, Ашӯрбой Солеҳзода, ректори ДМИТ иброз дошт, ки панҷ ҳадафи афзалиятнок, ки барои солҳои минбаъда дар Паёми Пешвои миллат омадаанд, ин тақвияти сармояи инсонӣ, рушди бахши воқеӣ, баланд бардоштани мақоми давлат ва хизматрасонии хизматчиёни давлатӣ, ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланди макроиқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошанд.
Инчунин номбурда таъкид намуд, ки ҳайати устодону кормандон ва донишҷўёни ДМИТ ҳар як банди Паёмро оид ба таъмини рушди иқтисодии кишвар ва эълон гардидани соли 2017 соли ҷавонон сармашқи кори худ қарор хоҳанд дод.

Декабрь 28, 2016 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст