Шумораи кӯдакистонҳо дар Суғд нисбат ба соли гузашта 12 адад зиёд гашт

Декабрь 24, 2016 10:47

ДУШАНБЕ, 24.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои томактабии вилояти Суғд 40 ҳазору 777 кӯдак ба таълим фаро гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2086 нафар зиёд мебошад.  Дар ин бора аз хадамоти матбуоти вилояти Суғд хабар доданд.

Соли равон шумораи кӯдакистонҳо нисбат ба соли сипаришуда 12 адад зиёд гашта, ба 249 адад расид, ки аз он 196 муассиса тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 13 муассиса тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 40 муассисаи хусусӣ мебошанд.

Дар таъмини рушди соҳа саҳми бахши хусусӣ сол аз сол афзуда истодааст. Танҳо дар моҳҳои январ-ноябри соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 3 адад, Истаравшан 2 адад, Бӯстон 1 адад, Ҷаббор Расулов 1 адад, Бобоҷон Ғафуров 3 адад ва Спитамен 2 адад кӯдакистонҳои хусусӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Декабрь 24, 2016 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад