Тавассути баргузории 248 ярмарка 3371 нафар бекорон бо кори доимӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 27.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ ва ҳамчунин муҳоҷирони кории ба Ватан баргашта дар соли равон дар вилояти Суғд 248 ярмаркаи ҷойи кор гузаронида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз идораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Суғд хабар доданд.
Тибқи гуфтаи сарчашма, дар ин ярмаркаҳо 2840 ташкилоту идораҳо иштирок намуда, 27 327 ҷойи кор пешниҳод карданд. Дар ярмарка 1331 нафар бо кори доимӣ таъмин гашта, 1593 нафари дигар ба курсҳои омӯзишӣ равона шуданд. Ҳамчунин 444 нафари дигар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуданд. Дар маҷмӯъ 3371 нафари бекор бо кори доимӣ таъмин карда шуданд
«Дар 11 моҳи соли равон тибқи тадбирҳои андешидашуда ба кори доимӣ 10133 нафар таъмин карда шуданд, ки ин 99,8 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад»,-хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






