Нозирони тоҷик ҷараёни баргузории интихоботи президентиро мушоҳида менамоянд
ДУШАНБЕ, 09.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳайати нозирони тоҷик ҷараёни баргузории интихоботи Президенти Туркманистонро, ки якшанбе 12 феврали соли 2017 доир мегардад, мушоҳида менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Абдуманнон Додозода, роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод. Мавсуф зикр кард, ки ҳайати нозирони тоҷик, ки ба он Зиё Раҳмон, аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст, дар ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараёни баргузории маъракаи муҳими сиёсии Туркманистон- интихоботи президентиро мушоҳида менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки дар интихоботи президентии Туркманистон бори нахуст се ҳизби сиёсии ин кишвар- Ҳизби демократӣ ё ҳоким, ки роҳбариашро Президенти феълии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба уҳда дорад, Ҳизби саноатчиёну соҳибкорон ва Ҳизби аграрии Туркманистон, инчунин шаш номзади дигар, ки аз ҷониби гурӯҳҳои ташаббускор пешбарӣ гардидаанд, ширкат менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Туркманистон муҳлати ваколати Президент дар ин кишвар аз панҷ ба ҳафт сол дароз карда шуд. Тибқи қонунгузории ин кишвар, шаҳрвандоне ба мансаби президентӣ пешбарӣ карда мешаванд, ки дар Туркманистон таваллуд шудаанд, синнашон аз 40 болост, забони давлатиро медонанд ва тӯли 15 соли охир дар ин кишвар кор ва истиқомат кардаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад






