Ҷаласаи Шӯрои парламентии Ассамблеяи СААД

Март 27, 2017 10:26

ДУШАНБЕ, 27.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Шоми 26 март дар қасри Таврическии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи Шӯрои парламентии Ассамблеяи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ /СААД/ ба муносибати 25-солагии баимзорасии Шартнома оид ба амнияти дастаҷамъӣ, 15-солагии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 10-солагии Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз палатаи болоии Парлумони мамлакат иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа аъзои Шӯро масъалаҳои марбут ба ҳамоҳангсозии ҳамкории хориҷии ҳайатҳои парламентии давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар созмонҳои байналмилалии парламентӣ ва иштироки онҳо дар сессияи навбатии тобистонаи Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро мавриди баррасӣ карор доданд.
Дар ин замина қарорҳои дахлдори Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД қабул гардиданд.

Март 27, 2017 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид