Дар Хатлон озмуни вилоятии «Маликаи Наврӯз» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 12.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ва Соли ҷавонон аз 20 то 28 феврали соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни вилоятии «Маликаи Наврӯз» дар ду давр доир гардид.
Даври ниҳоии озмуни «Маликаи Наврӯз» 10 марти соли 2017 дар толори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони 25 шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.
Дар ҷамъбаст аз рӯи натиҷагирии озмун Шоҳҷоизаи «Маликаи Наврӯз» насиби Бунафша Маҳмадиева, сокини ноҳияи Данғара гардид. Ҳамчунин иштирокчиёни шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Сарбанд, Фархор, Вахш, Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Восеъ, Хуросон ва Ҷайҳун бо ҷойҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шуданд.
Иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот қадрдонӣ шуданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






