Ҷ. Ҳакимов барои ҷалб кардани шаҳрвандон ба ташкилоти экстремистию террористии ба ном «Давлати исломӣ» 15 сол аз озодӣ маҳрум гардид
ДУШАНБЕ, 29.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ҳукми навбатии Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ҷ. Ҳакимов барои ҷалб кардани шаҳрвандон ба ташкилоти экстремистию террористӣ (бо моддаҳои 187 қ. 2 ва 4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Тавре аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, Ҷ. Ҳакимов аз соли 2005 дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия буда, соли 2013 тавассути телефони мобилӣ бо бародараш А. Ҳакимов ва ҳамсояаш Н. Назаров, ки ҳамон вақт дар сафи аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии ба ном «Давлати исломӣ» муқобили ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Ироқ меҷангиданд, алоқа барпо намуда, ҳамсуҳбат мешуд ва бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористӣ шинос шуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намуда, ба таклифҳояшон дар хусуси ёфтан ва фиристодани шаҳрвандон барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ розӣ шудааст.
Бо дастури аъзои ин гурӯҳи террористӣ номбурда бо роҳи даъват намудан аз моҳи сентябри соли 2013 то моҳи ноябри соли 2016 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Юсупов, О. Қурбонов, Т. Шарипов, Р. Қурбонов ва Д. Қурбоновро ҷалб ва барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ гусел намудааст.
Баъди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштан фаъолияти ҷинояткоронаи худро идома дода, шаҳрвандон М. Ниёзов, Ш. Каримов, Ш. Қодиров, И. Абдураҳимов ва Д. Хомушовро барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Сурияи Араб ва Ҷумҳурии Ироқ даъват намудааст.








Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт






