Имсол ба қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» 10 сол пур мешавад: вақт, ҳамчун довари ҳақ, зарурияти ин санадро собит намуд

Апрель 28, 2017 17:51

ДУШАНБЕ, 27.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз хабар додем, дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27 апрел доир гардид, аз рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риоя нагардидани талаботҳои он махсусан аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ изҳори нигаронӣ карда шуд. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки дар аксар ҳолат вайронкунандагони талаботи қонунҳои амалкунанда шахсони мансабдор, аъзои ҳукумат, вакилони маҷлиси намояндагон ва хизматчиёни давлатӣ, инчунин фарзандону наздикони онҳо буда, берун аз муқаррароти ҷорӣ худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва барои ба муассисаҳои таълимӣ бо мошинҳои гаронарзиш рафтани фарзандонашон монеъ намешаванд. Вобаста ба ин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини қатъии талаботи қонунҳои амалкунандаи мамлакатро талаб намуда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати ба танзим даровардан ва мувофиқ ба талаботи қонун гузаронидани ҳама гуна маъракаҳои мардумӣ ва ҷашну маросимҳои миллӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан аз ҷониби мансабдорон, пӯрзур намудани ҷавобгарии интизомӣ ва нишондиҳандаҳои ҷаримаҳои маъмурӣ нисбати вайронкунандагони қонун, падару модарон ва фарзандони онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Мавриди зикр аст, ки моҳи июни соли ҷорӣ ба қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки лоиҳаи он аз ҷониби Сарвари давлат пешниҳод гардида буд,  расо 10 сол пур мешавад. Дар ин муддат қабули ин санади муҳим чӣ натиҷаҳо дод? Дар ин бора сармутахассиси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом ДОДАРЗОДА чунин иброз дошт:

Тавре ҳамагон дар ёд дорем, лоиҳаи ин қонун аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, ки баъди баррасии оммавӣ ва ҷонибдории аҳли ҷомеа онро парлумони мамлакат қабул намуд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳрони молиявӣ зарур буд, ки манфиатҳои мардуми кишвар ҳифз гардад. Ҳамчунин сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат бояд коҳиш дода мешуд.

Сарвари давлат   бо омӯзишу дарк ва баррасии ин масъала ва  мушкилоти мавҷуда ба ташаббусу иқдоми наҷибонае рӯ оварданд, ки пеш аз ин на танҳо дар кишвари мо, балки дар дигар кишварҳо низ собиқа надошт.   Воқеан ҳам  иқдоми  Пешвои миллат хирадмандона ва дурандешона буд.

Агар ба гузаштаи начандон дур назар бияфканем ва вазъро бори дигар дар тарозуи таҳлил баркашем, он замон иддае  ҳеҷ бовар надоштанд, ки аз баҳри баъзе маросимҳо ва харҷҳои беасос баромадан мумкин аст. Ин андешаву пиндор ба он хотир буд, ки дар дарозои садсолаҳои таърих   ин ҷашну маросимҳо  бо омезиш ба фарҳангу табдил ба урфу одатҳо дар мағз андар мағзамон нишаста ва рӯҳамонро ба онҳо тобеъ намуда буданд. Аз ин рӯ шаҳрвандон  баргузории маърака ва маросимҳои зиёди серхарҷро то ҷое ҳатто чун чун амри воҷиб пазируфтьа буданд. Дар натиҷа шаҳрвандон аз рӯи ин зарурати бамиёномада қарздор мегардиданд ва сатҳи пасти зиндагии оилаҳо ба вайроншавии онҳо оварда мерасонд. Ба ҷуз  ин, ҳазорҳо ҷавон имкони бунёди оиларо надоштанд.
Вазъи маросимҳои азодорӣ низ бисёр вазнин буд. Ба хотир биёрем маросимҳои «саритахта», «себегоҳина», «ҳафт», «бист», «чил», «шашмоҳагӣ», «сол», «ҷумъагӣ», «дастархонҷамъкунӣ» — ро. Дар ин асос, яъне мушкилоти баргузории ин маросимҳо мардум мегуфтанд: «Як мурда чанд зиндаро дар гӯр мекунад». Хоҳ –нохоҳ ин ҳама ба сатҳи зиндагии аҳли оила ва рӯҳи онҳо таъсири манфии худро мегузоштанд. Ҳол он ки баъзе аз ин маросимҳо дар доираи талаботи дини мубини Ислом ва ҷавобгӯ ба ахлоқу одоби миллии мо набуданд.

Ба ҷуз ин ҳама, хурофот дар миёни мардум дар ин маврид нисбат ба дини асил мақоми устувор дошт. Зоҳирпарастию худнамоиҳо низ ба ҳукми анъана даромада буданд. Дар ин ҳолу вазъ як навъ озмуну мусобиқаҳо корро махсусан барои мардуми камбизоат душвортар мегардонд.

Тавре зикр гардид, дар ин самт таҷрибаи кофӣ надоштем.
Бо таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур ҳадаф ва мақсаду моҳияти масъаларо ба шаҳрвандон равшан намуданд. Мардум чун дарёфтанд, ки мақсад ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ аст, онро хуш истиқбол ва ҷонибдорӣ карданд. Пас аз нашри лоиҳаи ин қонун дар матбуоти даврӣ ва дар шакли китоби алоҳида ба гурӯҳҳои кори Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва сайти Президенти Тоҷикистон дархосту пешниҳодҳои зиёд ворид гардиданд. Яъне, мардум дар баррасии ин лоиҳа фаъолона иштирок намуданд.
Пешвои миллат барҳақ бо таъкид иброз дошта буданд: «Бисёриҳо фикр мекарданд, ки чунин мушкилиҳо аслан оилавӣ ва шахсӣ буда, ба давлат ва ҷомеа иртиботе надоранд. Не, ин андеша кулан нодуруст аст. Зеро саодатмандию ободии ҷомеа аз саодату ободии ҳар шаҳрванд ва оила вобаста буда, давлати иҷтимоию адолатпарвар ҳаққи маънавӣ надорад, ки нисбат ба чунин масъалаи муҳим бетаваҷҷуҳ бошад».

Чунин иқдоми шоистаи Сарварид авлат ба Қуръони Маҷид, ҳадис ва фатвоҳои имомону андешаҳои бузургони дин, аҳли илму адаб мувофиқат мекард. Дар ин сарчашмаҳо нуктаеро наметавон пайдо намуд, ки исрофкорӣ ва дучор гардидан ба камбизоатиро талқин карда бошанд. Аз ҷумла, дар Қуръони Маҷид омадааст: «Ба ҳеҷ ваҷҳ исроф макун. Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд».
Дар ин маврид бо муҳаббату дилгармии хоса уламои дини мубини Ислом аз Пешвои миллат на танҳо ҷонибдорӣ карданд, балки моҳияти иқдомашонро ба мардум, шаҳрвандон рӯшану возеҳ фаҳмонданд.
Ҳамин тавр, бори нахуст тавассути қонуни махсус дар ҷомеаи  шаҳрвандӣ расму оин ва маъракаҳои мардумӣ ба низом дароварда шуданд. Солбасол, батадриҷ ҳар як меъёри ин қонун ба зиндагии мардуми кишвар роҳ ёфт. Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли аввали қабули қонун ҳолати аз қайди никоҳи давлатӣ гузаштан ба 23 ҳазор афзуд. Дар ин сол ин нишондиҳанда ба 97 ҳазор расид. Ҳол он ки солее қабл беш аз 52 ҳазор ақди никоҳ баста шуда буд.
Қабули қонун, инчунин, барои баланд бардоштани маданияту фарҳанги баргузории маъракаҳои мардумӣ низ мусоидат намуд. Ва ҳам пас аз он буд, ки дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону ниёзмандон аз ҷониби шахсони саховатманд ва соҳибкорон ҳукми анъанаро ба худ касб кард ва қонуни мазкур дар як муддати кӯтоҳ барои расидан ба натиҷаҳои зиёди мусбат мусоидат намуд.


 

 

Апрель 28, 2017 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дарозтарин парчам омода гардид
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон ба касбомӯзӣ ҷалб гардиданд
Кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд