Канали Хоҷабоқирғон аз оғози мавсими обёрӣ ба кишоварзон зиёда аз 5 млн куб об расонидааст
ХУҶАНД, 29.04.2017 /АМИТ «Ховар» /. Муассисаи давлатии «Канали Хоҷабоқирғон»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо 26 ассотсиасияи истифодабарандагони об шартномаи тарафайн дошта, дар мавсими имсола ба кишоварзон мувофиқи дархосташон то ин муддат зиёда аз 5 млн куб об расонидааст. Муассисаи мазкур, ки дорои чор пойгоҳи обкашӣ ва як канал ба дарозии умумии 49 км мебошад, 8600 гектар заминҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расуловро бо об таъмин менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулин аз муассисаи мазкур иттилоъ доданд, кормандони муассиса корҳои омодагӣ ба мавсими нави обрасониро сари вақт анҷом доданд. Аз ҷумла, пойгоҳҳои обкашӣ сари вақт аз таъмир бароварда шуда, 80 ҳазор куб канал тоза карда шуд. Ҳамчунин 2655 метр шафати канали мазкур сементпӯш гардид.
Ҳамзамон баҳри эмин доштани канали муҳофизатӣ аз зуд вайроншавӣ ва омадани сел, ки дарозиаш 6,2 км-ро дарбар мегирад, аз ҷониби муассиса 35 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар минтақаи Овчӣ-қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров аз канали муҳофизатӣ ба канали асосӣ дар чор мавзеъ қубурҳои 1000 мм ба дарозии умумии 100 метр хобонида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






