10 нафар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд

Июль 24, 2017 11:51

ДУШАНБЕ, 24.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳо ва намоиши корҳои дипломии аввалин хатмкунандагони Донишкада баргузор гардид.

Ректори  Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода иброз намуд: «Боиси ифтихор аст, ки аввалин хатмкунандагон имрӯз Донишкадаро бо сари баланд хатм мекунанд. Соли 2013 вақте, ки Донишкада ба фаъолият шурӯъ кард, ба он 100 нафар довталабон қабул шуда буданд. Бинои Донишкада, ки собиқ бинои осорхона буд, маҳз бо ҳамбастагиву кумаки ҳамин хатмкунандагон, ки  он вақт дар курси аввал таҳсили илм мекарданд, ба муассисаи таҳсилоти олӣ табдил дода шуд»,-зикр намуд Ҷамшед Ғанизода.

Сипас, корҳои дипломии хатмкунандагон манзури иштирокдорон гардида, ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ диплом супорида шуд.

Бино ба иттилои роҳбарият, имсол  Донишкадаро 106 нафар хатмкунандагон хатм намуданд, ки аз ин шумора 10 нафари онҳо соҳиби дипломи аъло гардиданд.

IMG_0385 IMG_0337

Июль 24, 2017 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд