Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа: пардохти нафақаи 4785 нафар муваққатан боздошт шудааст

Июль 17, 2017 10:59

ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/ «Теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 660 610 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 057 нафар ё 3,9 фоиз  зиёд аст»,-зикр намуд муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури рӯзноманигорон.

Аз теъдоди умумии нафақагирон дар айни замон пардохти нафақаи 4 785 нафар муваққатан боздошт шудааст: онҳо, тибқи қарори комиссия,  бояд аз муоинаи такрории тиббии Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаранд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки  аз ҷониби сохторҳои Агентӣ дар шаш моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 29 431 нафар нафақа таъйин карда шудааст.

Июль 17, 2017 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд