Ҳамлаи гургҳо ба писарбачаи 2-сола-ВКД ҶТ хабар медиҳад…

Июль 4, 2017 14:50

ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза аз ҳолатҳои нохуши садамаҳои нақлиётӣ, дуздию қаллобӣ, ба ҳалокат расидани шаҳрвандон бар асари беэҳтиётӣ ва қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ хабарҳо нашр мекунад. Ба манзури хавфи иҷтимоии ин ҳолатҳо ва ҳушдори одамон ҷиҳати ҳушёрию зиракӣ ва кам рух додани ҳодисаҳои нохуш мо чанде аз ин хабарҳоро бознашр мекунем.

Гар шиновар нестӣ по бар лаби дарё намон…

2 июли соли равон марди 26-солаи сокини деҳаи Садоқати ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи Кофарниҳон аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҳамчунин дар ин рӯз ҷавондухтари 22-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа низ ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасад.

Барои дарёфт намудани ҷасадҳои ғарқшудагон чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд.

Дар ҳамин рӯз, тахминан соати 14:00 ноболиғ, писарбачаи 14-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми оббозӣ кардан дар канали обгузари назди манзили истиқоматиашон аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Роҳзанӣ дар манзили истиқоматӣ

Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Восеъ аризаи зани 24-солаи сокини ҳамин ноҳия ворид гардид, ки 1 июли соли равон, тахминан соати 03:30-дақиқа, шахси номаълум вориди манзили истиқоматиаш шуда, бо олоти бурандаю халанда як маротиба ба баданаш зада, бо роҳи зӯроварӣ аз гарданаш гарданбанди тиллоӣ, ки арзишаш 1000 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи зикргардида, ки қаблан бо моддаҳои 138 қисми 2 ва 200 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.

Дуздии асбоби мусиқӣ аз «Қасри Фарҳанг»

2 июли соли ҷорӣ ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Қубодиён бо ариза марди 60-солаи сокини деҳаи Ёбузи ҳамин ноҳия дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 30 июни соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди «Қасри Фарҳанг» шуда, аз он ҷо 1 адад асбоби мусиқии тамғаи «Ямаха», ки арзишаш 7000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳамчун гумонбар дар содир кардани ин ҷиноят марди 28-солаи сокини ноҳияи Шаҳритуз, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.

Ҳамлаи гургҳо ба писарбачаи 2-сола

1 июли соли 2017, тахминан соати 15:30-дақиқа, хурдсол, писарбачаи 2-солаи сокини деҳаи Имоми ноҳияи Шуғнон ҳангоми дар назди хонаи истиқоматиашон бозӣ кардан ба ӯ гургҳо ҳамла кардаанд. Мутаассифона, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Боз як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба қайд гирифта шуд. 1 июли соли равон тахминан соати 08:00-дақиқа марди 42-солаи сокини деҳаи Ҳ.Олимови ноҳияи Н.Хусрав ҳангоми бо ҳамроҳии писари 21-солааш дар саҳни ҳавлии истиқоматиашон ба таъмири автомашинаи боркаши тамғаи «Форланд» машғул буданашон, корзинаи онро бо табар зада, кушоданӣ мешаванд. Табар шикаста пораҳо ва заррачаҳои он ба ҳар тараф паҳну парешон мешаванд.

Дар натиҷа номбурда ва писараш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми онҳоро ба беморхона бурдан, марди 42-сола дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

 

 

Июль 4, 2017 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар  Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад