«Аз синф ба синф гузарондан-10 000 рубли русӣ»: боздошти директори мактаб ҳангоми гирифтани пора
ДУШАНБЕ, 07.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти директори яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Конибодом, ки бо гирифтани пора гумонбар мешавад, хабар медиҳад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, аз ҷониби кормандони милитсия зани 42-солаи сокини шаҳри Конибодом, директори яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар гирифтани пора дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи феврали соли 2017 аз зани 55-солаи сокини шаҳри Конибодом барои гузаронидани наберааш аз як синф ба синфи дигар, ки дар соли хониши 2016-2017 дар дарсҳо иштирок накардааст, даҳ ҳазор рубли Федератсияи Россияро ҳамчун пора талаб намудааст.
Ба иттилои манбаъ, 5 июли соли равон номбурда дар ҳудуди бинои мактаб ҳангоми гирифтани ин маблағ дастгир гардида, далели шайъӣ гирифта шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






