Дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» нишасти матбуотии роҳбарияти Бонки давлатии «Амонатбонк» оид ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ баргузор мешавад

Июль 17, 2017 11:47

ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 18 июли соли 2017 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.

Нишастҳои матбуотии Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» соати 9:00 ва мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо журналистон соати 11:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40) гузаронида мешаванд.

Роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон журналистонро ҷиҳати иштирок дар нишасти матбуотӣ соати 10:00 ҳамон рӯз, 18 июл ба маҷлисгоҳи Хадамоти гумрук даъват кардааст.

Хотиррасон мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011  таҳти №АП-1729 ҳар сол ду маротиба гузаронида мешаванд.

Июль 17, 2017 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст