Файзиддин Солеҳзода: «Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон яке аз шохаҳои муҳими мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад»

Июль 3, 2017 17:23

ХУҶАНД, 03.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола 3 июл  кормандони Бозрасии давлатии автомобилии  Ҷумҳурии Точикистон рӯзи таъсисёбии ин ниҳод, яъне иди касбии худро ҷашн мегиранд.

Мусаллам аст, ки сол то сол бо назардошти рушди ҷамъият, афзун гаштани аҳолӣ ва зиёдшавии шумораи воситаҳои нақлиёт талабот ба таъмини бехатарии ҳаракат дар кӯчаву роҳҳо ва ташкили назорат аз ҳолати техникӣ ва истифодаи дурусти онҳо низ меафзояд.

Дар ин васила, Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз шохаҳои муҳими мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, он вазифаи пурмасъул, яъне таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба зимма дорад.

Дар ин замина роҷеъ ба раванди фаъолият, пешбурд ва муаммоҳои дар назди шуъбаи мазкур истода хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар  вилояти Суғд бо сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Файзиддин Солеҳзода суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Файзиддин Солеҳзода шумо ва ҳамаи кормандони ин ниҳодро бо иди касбиатон табрик намуда, сараввал мехостам оид ба таърихи таъсисёбии ин ниҳод чанд сухан мегуфтед?

Файзиддин Солеҳзода: Ташаккур. Гарчанде таърихи таъсисёбӣ ва фаъолияти хадамоти Бозрасии давлатии автомобилӣ аз солҳои 30-юми асри гузашта маншаъ гирад ҳам, вале мо онро ҳамқадами Истиқлолияти кишвари азизамон меҳисобем. Зеро ба даст овардани Истиқлолият такони ҷиддӣ дар фаъолияти ин мақомот ва сохторҳои дигар гардид, ки ба рушду инкишоф, фароҳам овардани шароити моддиву техникӣ, интихоби кадрҳои ботаҷриба ва беҳдошти вазъи хизмат мусоидат намуд.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз аз солҳои аввали пайдоиши Ҳокимияти Шӯрави Ҳукумат ба масъалаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ғамхорӣ зоҳир намуда, санаи таъсисёбии БДА чун яке аз ниҳодҳои милитсия аз 3 июли соли 1936 маншаъ гирифта, соли 1940 якумин «Қоидаҳои намунавии ҳаракат дар кӯчаву роҳҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ» тасдиқ гардид. Оғоз аз соли 1980 шуъбаи БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсат табдил дода шуда, қисмҳои махсуси назорати роҳ ҳамчун дастаи алоҳидаи хадамоти роҳбонӣ барои таъмини бехатарии ҳаракат дар минтақаҳои муҳими роҳҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шуд. Аз замони таъсисёбӣ то ба имрӯз Бозрасии давлатии автомобилӣ боз ҳам рушду такмил ёфта, бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва тамоми шароити корӣ  таъмин гардида, дар давраи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар сохтор, шакл ва тарзи фаъолияти Бозрасии давлатии автомобилӣ  тағйироти куллӣ ворид карда шуда, масъулияти кормандон низ дучанд гардид.

АМИТ «Ховар»: Масъулияти кормандони БДА дар шароити ҳозира, ки зиёд шудани шумораи нақлиёт ба шиддатнокии ҳаракат оварда истодааст, чӯ гуна аст?

Файзиддин Солеҳзода: Имрӯзҳо вобаста ба зиёд шудани шумораи нақлиёти автомобилӣ шиддатнокии ҳаракат зиёд шуда, вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва дигар ҷиноятҳо вобаста ба истифодабарии воситаҳои нақлиёт ташвишовар гашта истодааст. Ин ҳолат ва вазъият аз кормандони БДА талаб менамояд, ки роҳҳои самараноки таъмини бехатарии ҳаракат, тарз ва усулҳои нави фаъолиятро дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла бо истифодаи техника ва таҷҳизоти ҳозиразамон васеъ тадбиқ намоянд. Ҳамчунин бо ин мақсад ҷониби роҳбарияти РВКД  ҶТ дар вилояти Суғд таҳти сарварии генерал-майори милитсия Шариф Назарзода баҳри баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ, одоби муошират, интизоми хизмат, дуруст пӯшидани сару либоси низомӣ ба кормандони БДА аҳамияти хоса зоҳир мегардад. Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар сафи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд мутахассисони ботаҷриба фаъолият карда, нозирони бехатарии роҳ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда мекӯшанд, ки баҳри амнияти шаҳрвандон ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ содиқонаю софдилона хизмат намоянд.

АМИТ «Ховар»: Дар давоми шашмоҳаи аввали соли равон вазъи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар ҳудуди шимоли кишвар чӣ гуна аст ва кадом намуди қоидавайронкуниҳо бештар ба назар мерасанд?

Файзиддин Солеҳзода: Тайи шаш моҳи аввали соли 2017 дар роҳҳои нақлиётгарди вилоят 134 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта  шудааст, ки бар асари он 51 нафар ҳалок гардида, 147 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Теъдоди садамаҳо нисбат ба шашмоҳи соли 2016, 3 адад  кам гаштааст. Дар ин давра сафи ҳалокшудагон  баробар буда, сафи ҷароҳатбардоштагон 3 нафар зиёд шудааст. Инчунин дар вақти  бурдани назорати доимӣ  аз болои иштирокчиёни  ҳаракат дар роҳ тайи 5 моҳу 25 рӯзи  соли равон 195 177 адад  қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ, аз ҷумла идораи  воситаи нақлиёт  дар ҳолати мастӣ -1609; бе ҳуҷҷати ронандагӣ-10404; бо шишаҳои  сиёҳ ва  пардаҳои яклухти қафо – 220; итоат накардан ба талаботи кормандони БДА-1036; бе рақами қайди давлатӣ-927; бо рақамҳои бегона-91; гуфтугӯ бо телефони мобилӣ дар вақти ҳаракат-8538; баланд  намудани суръати ҳаракат аз меъёри  муқараршуда -32036; сари вақт пешниҳод накардани воситаҳои  нақлиёт ба муоинаи солонаи техникӣ -10779 адад ошкор шудааст.

АМИТ «Ховар»: Ин рақамҳо нисбат ба фавт ва ҷароҳатбардории кӯдакону наврасон чӣ гунаанд?

Файзиддин Солеҳзода: Тайи шаш моҳи соли равон  39 садамаи нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 9 нафар ҳалок гардида, 34 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Теъдоди садамаҳо нисбат ба  соли 2016 1 адад зиёд буда, сафи халокшудагон  баробар ва ҷароҳатбардоштагон 2 адад  зиёд  гаштаанд.

АМИТ «Ховар»: Баҳри пешгирӣ  ва кам намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, инчунин робита бо аҳолӣ аз ҷониби БДА-и Суғд чӣ тадбирҳо андешида шуда истодаанд?

Файзиддин Солеҳзода: Дар  ин давра  баҳри  таъмини  бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, пешгирии  садамаҳои нақлиётӣ ва ошкорнамоии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳҳо, амалиётҳои мақсадноки «Пиёдагард», «Тартибот», «Автобус», «Роҳ ва гузаргоҳи роҳи оҳан», «Муоинаи техникӣ» ва  «Бачаҳо»  гузаронида  шудаанд.

Ҳамзамон баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар  роҳҳо, паст  гардононидани сатҳи садаманокӣ, баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо аз 15 феврал то 15 март ва аз 5 июн то 25 июни соли равон дар вилояти Суғд амалиёти профилактикии  «Маданияти шаҳрдорӣ» гузаронида шуд.

Мақсад аз гузаронидани амалиёти мазкур беҳтар гардонидани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва сатҳи хизматрасонии воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ба аҳолӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»: Дар кадом ҳолат корманди БДА ҳуҷҷатҳои ронандаро мегирад ё ӯро аз рондани нақлиёт барканор менамояд?

Файзиддин Солеҳзода: Дар вақте, ки ронандагони воситаҳои нақлиёт ба қоидавайронкуниҳо роҳ медиҳанд. Агар ронанда дар ҳолати мастӣ нақлиётро идора намояд, ҳуҷҷати ронандагӣ надошта бошад, мошинаш бе иҷозат шишаи сиёҳ дошта бошад, бе рақамҳои қайди давлатӣ ё бо рақамҳои бегона нақлиёро ронад, аз ӯ ҳуҷҷатҳои ронандагӣ гирифта мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Таманниёти шумо ба ҳамкасбон.

Файзиддин Солеҳзода: Ҳамаи кормандон ва собиқадорони Хадамоти Бозрасии давлатии автомобилиро  бо ин рӯзи фархунда табрик намуда, дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноку пурифтихор барору комёбӣ орзу карда, ба иштирокчиёни ҳаракати роҳ Роҳи сафедро таманно дорам.

АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат.

Файзиддин Солеҳзода: Саломат бошед.

Абдуаҳад ДАДАБОЕВ

 

 

Июль 3, 2017 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст