«Мафкураи миллӣ дар ростои таҳкими давлатдории миллӣ» — шарҳи матбуот

Июль 27, 2017 14:35

ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи   «Ҷумҳурият» (24.07.2017, №153-154) вобаста ба суҳбатҳои телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд хабари расмӣ нашр кардааст. Ҳангоми суҳбат «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таманниёти беҳтарин Президенти Ӯзбекистони дӯстро бо ҷашни 60-солагии зодрӯзашон самимона муборакбод намуданд. Ҳамзамон ҷонибҳо манфиатдории хешро ба тавсеаву такомули пайгиронаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамчунин ҳамкории мутақобилан судманд иброз намуда, ҷиҳати пешбурди муштараки ин раванд изҳори умед карданд», — омадааст дар хабари нашрия.

Сарварони ду кишвари дӯст – Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ҳангоми гуфтугӯи телефонӣ ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатии Тоҷикистону Арабистони Саудиро баррасӣ намуда, минбаъд низ ҳамоҳанг сохтани саъю талошҳои ҷонибҳоро баҳри рушду густариши минбаъдаи онҳо таъкид карданд. Тавре нашрия иттилоъ додааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ ба масоили мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, атрофи вазъи имрӯзаи нигаронкунанда дар Ховари Миёна, аз ҷумла дар минтақаи Халиҷ, мубодилаи афкор анҷом доданд. Дар ин робита ҷонибҳо оид ба мавзӯи таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории фаромарзӣ ибрози назар намуданд».

Мавриди зикр аст, ки ибтидои ҳафтаи равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Кишварҳои мо бо такя ба муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихӣ ва бар асоси усулҳои эътирофгардидаи равобити байналмилалӣ – ҳусни тафоҳум, баробарҳуқуқӣ, некхоҳӣ ва эътимод ба ҳамдигар то имрӯз муносибатҳои ҳасана ва ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба роҳ монда, пеш бурда истодаанд. Итминон дорам, ки мо бо саъю кӯшишҳои муштарак ҳамшарикии гуногунарсаи кишварҳоямонро боз ҳам таҳким бахшида, бар нафъи мардумонамон ба зинаҳои нави баландтар хоҳем бардошт».

Нашрия ҳамчунин матни қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ҷонибдорӣ карда шудаанд, дар 5 саҳифа нашр кардааст.

Дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (25.07.2017, №155-156) хабару гузоришҳо аз нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оид ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ, матни як қатор қонунҳо, ҳамчунин Дастурамали № 224 «Дар бораи амалиётҳое, ки мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ дар ташкилотҳои қарзии исломӣ анҷом дода мешаванд» дарҷ гардидаанд.

«Масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро доир ба инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд» — бо ҳамин дастури Пешвои миллат дар рубрикаи «Сухани рӯз» шумораи навбатии нашрияи «Ҷумҳурият» (26.07.2017,№157) пешкаши хонандагон шудааст. Дар саҳифаҳои нашрия Иттилоия аз маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хабарҳо аз нишастҳои матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақола оид ба Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бо сарлавҳаи «Тоҷикон ва забони тоҷикӣ» чоп шудаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (25.07.2017,№89) матни як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки  онҳоро Маҷлиси намояндагон қабул карда, ҳафтаи гузашта Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намуд, чоп карда, ҳамчунин бахшида ба Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ, ки 25 июл ҷашн гирифта мешавад, мусоҳибаи нашрияро бо Фаррух Неъматзода, сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарлавҳаи «Лоиҳаи кодекси нақлиёти автомобилӣ дар марҳалаи баррасӣ қарор дорад» пешкаши хонандагон кардааст.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» оид ба баргузор шудани маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ахбори расмӣ ва суханронии муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзодаро дар маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи марказӣ нашр кардааст. Мақолаҳои «Мафкураи миллӣ дар ростои таҳкими давлатдории миллӣ», «Ҳикмати либоси миллӣ», «Оила арзиши муқаддас», «Фарҳанги номгузорӣ» ва дигар маводи матбуотии нашрия аз тарафи хонандагон хуш пазируфта мешаванд, зеро дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ навишта шудаанд.

 

Июль 27, 2017 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад