Муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар Панҷакент навсозӣ мешавад

Июль 7, 2017 10:09

ХУҶАНД, 07.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯзҳо дар шаҳри Панҷакент бо ифтихор аз соҳибистиқлолии мамлакат ва дар сатҳи хуби ташкилӣ пешвоз гирифтани санаҳои хотирмони кишвар, ҳамзамон пос доштани хотири чеҳраҳои намоёни аҳли илму адаб корҳои созандагиву ободонӣ бо маром ҷараён доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд,  дар доираи корҳои ободонӣ дар шаҳр раванди сохтмони як қатор иншооти иҷтимоиву варзишӣ, ҳамзамон навсозии муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ  Лоиқ Шералӣ ва саҳну атрофи он ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, баъди таҷдиди пайкараи нави шоир, ин мавзеъро чор фаввораи рангини дорои чароғакҳои ҷилодор ва нишастгоҳҳои замонавӣ  оро дода, ба як макони ободу хуррам ва дӯстдоштаи сокинону меҳмонони ин шаҳри бостонӣ табдил додааст.

 

 

 

Июль 7, 2017 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид