Оғози сохтмони роҳи мошингарди “Балҷувон-Сари Хосор”

Июль 27, 2017 09:53

ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Сари Хосор бо лоиҳаҳои иншооти сохташаванда ва оғози сохтмони роҳи мошингарди “Балҷувон-Сари Хосор” шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вақти татбиқи лоиҳа иншоотҳои асосии техникӣ, аз ҷумла 34 километр роҳи паҳноиаш 8 метр, 87 иншоот, қубурҳои оҳанубетонии обгузари қутрашон аз 1 то 4 метра, 1 кӯпрук бо дарозии 120 метр, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба масофаи 9,6 километр, сохтмони тумбадеворҳо ба масофаи 150 метри тулонӣ ба нақша гирифта шудааст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар сохтмони роҳ бояд 53,1 миллион сомонӣ сарф гардад.

Қад-қади ин роҳ 11 деҳа ва 860 хоҷагӣ ҷойгир буда, зиёда аз 6 000 аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Ноҳияи Балҷувон яке аз минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Релефаш хеле мушкил буда, қисми зиёдашро кӯҳистон ташкил медиҳад ва бинобар набудани роҳи мошингард сокинон барои рафтуомад аз маркази ноҳия ба ҷамоати деҳоти Сари Хосор дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Фармоишгари бунёди иншооти роҳ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро Мудирияти муассисаи давлатии корхонаҳои сохташудаистодаи Вазорати нақлиёт ва дигар ширкатҳои сохтмонии ватанӣ иҷро менамоянд.

То имрӯз 9 километр роҳҳои мошингарди Балҷувон-Дулонамайдон, Балҷувон-Дашти Майдон сохта шудааст ва соли 1995 лоиҳаи сохтмони  роҳи мошингарди “Балҷувон-Сари Хосор” таҳия гардида буд. Ҳар сол аз 500 ҳазор то 1 миллион сомонӣ корҳо иҷро мегардиданд, ки маблағи умумии иҷрои корҳо аз соли 1995 то 2017-ум ҳамагӣ 6 миллиону 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.  Имрӯз корҳо қариб дар ҳамаи қитъаҳои роҳ дар тули 34 километр рафта истодаанд. Соли 2016-ум 10 километр аз Боғи  Зоғон то Шаидон сангфарш гардонида шуд, ки деҳаҳои Шаидон, Тоҳирдара, Дашти — Килко, Чилторӣ, Дошмандӣ ва Баҳор дар тамоми фасли сол ба ҳам пайваст гардида, сокинон бемушкилӣ рафтуомад доранд.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳа таъкид доштанд, ки сохтмони босифату саривақтии роҳи мошингарди “Балҷувон – Сари Хосор” барои рафтуомади сокинон, аз худ кардани заминҳои кишт, истифодаи босамари ҷангалзор, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва рушди соҳаи туризм мусоидати амиқ менамояд.
Оғози сохтмони роҳи мошингарди “Балҷувон-Сари Хосор” 27.07.2017

Июль 27, 2017 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расмии Варзишгоҳи миллӣ ва барномаи театрикунонидашуда ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Идомаи табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд