Пешвои миллат: «Балҷувон яке аз гӯшаҳои хеле қадимии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад»

Июль 27, 2017 09:57

ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Ноҳияи Балҷувон яке аз гӯшаҳои дар ҳақиқат зебову биҳиштосо ва мавзеъи хеле қадимаи Тоҷикистони азизамон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи андешаи муҳаққиқону донишмандон Балҷувон шакли тағйирхӯрдаи калимаи Балхиён буда, бозёфтҳои таърихии аз ҳудуди ноҳия бадастомада шаҳодат медиҳанд, ки дар ин сарзамин ҳанӯз дар давраи асри санг одамон зиндагӣ мекардаанд». Ин нуктаро  имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Балҷувон изҳор доштанд.

Ба таъкиди Пешвои миллат, мардуми Балҷувон аз қадим бо Ҳисору Дарвоз ва манотиқи дигар робитаҳои тиҷоратӣ дошта, ба бозорҳои он аз Афғонистону Россия ва Туркистону Ҳинд маҳсулоти гуногун ворид карда мешуд. Минбаъд олимон муайян кардаанд, ки дар гӯшаҳои гуногуни Балҷувон на танҳо тилло, нуқра ва мис, балки конҳои сурб, намак ва нафту газ низ мавҷуд мебошанд.

 

Июль 27, 2017 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд