Рӯзноманигорони Тоҷикистон роҳҳои инъикоси масоили марбут ба бемории сил дар ВАО-ро меомӯзанд

Июль 4, 2017 09:09

ДУШАНБЕ, 04.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши дурӯзаро барои журналистони тоҷик дар мавзӯи инъикоси масоили бемории сил дар ВАО баргузор намуд.

Дар ин омӯзиш USAID тариқи Барномаи мубориза бар зидди бемории сил ба журналистоне, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо, интернет, телевизион ва радио фаъолият мекунанд, имконияти тақвияти инъикоси масоили марбут ба бемории сил дар ВАО — ро бори аввал дар Тоҷикистон бо ҷалби коршиноси байналмиллалӣ оид ба масоили ВАО фароҳам овард.

Зимни омӯзиш рӯзноманигорон тарзи дурусту касбии пешкаши маводҳоро оид ба бемории сил аз худ кардан, ки ин барои паст кардани сатҳи доғгузорӣ нисбат ба нафарони аз ин беморӣ осебдида ва аз байн бурдани андешаҳои беасос мусоидад менамояд. Баъд аз омӯзиш рӯзноманигорон ба сафарҳои омӯзишӣ ба вилоятҳои Суғду Хатлон сафар намуда, бо вазъи бемории сил ва фаъолияти Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил ошно мегарданд.

Тибқи маълумотҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол беш аз 10 миллион нафар одамон дар саросари ҷаҳон гирифтори бемории сил мегарданд. Ҳарчанд бемории сил табобатшаванда аст, аммо то ҳанӯз қариб ду миллион нафар аз ин беморӣ мефавтанд. Ба андешаи коршиносон, паст будани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа оид ба бемории сил яке аз сабабҳои паҳншавии ин беморӣ ба шумор меравад.

Июль 4, 2017 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд