Раҷаббой Аҳмадзода: «То 1 июли соли равон ба эҳтиёҷмандон зиёда аз 20 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ тақсим шудааст»

Июль 17, 2017 15:26

ДУШАНБЕ, 17.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби заминҳои партов, чарогоҳ ва ғайра майдони 3463 гектарро (аз он обӣ 3407 гектар) ба гардиши кишоварзӣ ворид намуд.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезӣ Раҷаббой Аҳмадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ якҷоя бо майдони боғу токзорҳо дар давоми нимсолаи аввал майдони умумии 6021 гектар, аз он обӣ 3647 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки заминҳои бекорхобида бояд барқарор шаванд. Маҳз бо дастгирии Сарвари давлат ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мо тасмим гирифтем, ки ин супоришро дар амал татбиқ намоем»,-зикр намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2010 то соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдони умумии 29 ҳазору 668,05 гектар ба эҳтиёҷмандон барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, аз майдони умумӣ то 1 июли соли равон  20340 гектар замин тақсим шудааст, ки 69 фоизро ташкил медиҳад.

Июль 17, 2017 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад