РБДА ВКД ҶТ муҳлати иваз кардани рақамҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиётро то 1 декабр тамдид намуд

Июль 19, 2017 16:29

ДУШАНБЕ, 19.07.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳлати иваз намудани рақамҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиётро, ки ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ (СТ ҶТ 1020-2013) мувофиқат намекунад, то 1 декабри соли 2017 тамдид  намуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, ба ронандагоне, ки воситаҳои нақлиётро бо рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ идора менамоянд, тавсия дода мешавад, ки дар муҳлати муайяншуда онҳоро ба рақамҳои қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА-и маҳалли  зисташон  иваз намоянд.

Барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои 235-05-12, 235-04-23 ва 235-79-29 муроҷиат намоянд.

 

Июль 19, 2017 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст