Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 19.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 20 июли соли 2017 мувофиқи нақшаи таҳиягардида вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» гузаронида мешаванд.
Нишасти матбуотии роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 9:00 ва мулоқоти роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо журналистон соати 11:00 таъйин шудаанд. Ҳарду нишасти матбуотӣ дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40) баргузор мегарданд.
Иттифоқи «Тоҷикматлубот» рӯзи 20 июл соати 10:00 намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ҷиҳати иштирок дар нишасти матбуотӣ ба бинои маъмурии муассиса (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 137) даъват кардааст.
Хотиррасон мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти №АП-1729 ҳар сол ду маротиба гузаронида мешаванд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






