Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои хоҷагии халқи ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон

Июль 27, 2017 09:52

ДУШАНБЕ, 27.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари худ ба ноҳияи Балҷувон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои хоҷагии халқи ҷамоати деҳоти Сари Хосор шинос шуданд.

Дар намоишгоҳ сокинони ҷамоати деҳоти Сари Хосор дастранҷи хеш, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, гулу гиёҳҳои табиии шифобахш ва ҳунарҳои дастиро, ки бо меҳнати ҳалол ва заҳмати зиёд ба даст омадаанд ба маъраз гузоштанд.

Ба дастовардҳои хоҷагидорони ҷамоат бахусус меваҳои шаҳдбор, аз қабили чормағз, тутҳои гуногун, хуч, зилол, маҳлаб, чанд намуди олуча, себи хушк, нок, зардолу, ангур, гелос, шириниҳои аз мева омодакардашуда, донагиҳо ва инчунин гиёҳҳои шифобахше, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Сари Хосор ҷамъоварӣ шудаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.

Дар маҷмӯъ наздики 20 номгӯй гиёҳҳои шифобахш ба маъраз гузошта шуда буд ва иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаи Сари Хосор қариб тамоми намуди гиёҳҳои дорои хусусияти шифобахшӣ мавҷуд мебошанд.

Номгӯи гуногуни маҳсулоти аз зироати кишоварзӣ ба даст овардаи хоҷагидорони ҷамоат, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, бодаринг, каду ва ғайра ба таври фаровон ба намоиш гузошта шуда буд.

Ба ҳунарҳои дастӣ ва маҳорати пазандагии занону духтарони деҳоти Сари Хосор аз тарафи Сарвари давлат баҳои баланд дода шуд.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи иншооте, ки минбаъд дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сари Хосор бунёд карда мешавад, муаррифӣ карда шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ояндаи наздик ба хотири рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Сари Хосор 7 адад меҳмонхонаи замонавӣ бунёд карда мешавад. Боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббию варзишӣ барои сокинони ҷамоати деҳоти Сари Хосор дар мадди назар мебошад ва айни замон лоиҳаи боз 5 иншоот дар ин соҳа тарҳрезӣ карда шуда, мавзеъи ҷойгиршавӣ ва тарҳи биноҳои сохташаванда ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорон муаррифӣ гардид. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки барои фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум 8 иншооти дигари таъиноташон гуногун сохта мешаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкорон ва нафарони дар ин самт масъулиятдошта даъват ба амал оварданд, ки дар вақти бунёди иншооти муаррифишуда ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти авалиндараҷа зоҳир намоянд.

 
Шиносоӣ бо дастовардҳои хоҷагии халқи ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон   27.07.2017

Июль 27, 2017 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷопон Санаэ Такаичи мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси ҳизби ҳокими Либералӣ-демократии Ҷопон, собиқ Сарвазири Ҷопон Таро Асо мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токиои Ҷопон бо як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Императори Ҷопон Наруҳито мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори иҷрокунандаи Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон Ичиро Такаҳара мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ассотсиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва давлатҳои нави соҳибистиқлол Масами Ииҷима мулоқот намуданд