Ҷамшед Аҳмадзода: «Сохтмони бинои нави Парлумон охири соли равон оғоз мешавад»
ДУШАНБЕ, 19.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби грантҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин бо маблағи 230 миллион доллар сохта мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда: «Лоҳаи сохтмони бинои Парлумон мувофиқа гардида, корҳои типографии он ба анҷом расонида шудаанд. Дар айни ҳол корҳои геодезӣ ва таҳияи лоиҳаи корӣ аз тарафи пажӯҳишгоҳи “Саноатсоз” оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ охири соли равон оғоз мегарданд»,- гуфт Ҷамшед Аҳмадзода.
Дар мавриди сохтмони бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон иброз дошт, ки дар лоиҳаи ангоравии он каме эродҳо пайдо шудаанд ва баъди бартараф намудани онҳо корҳои сохтмонии он низ оғоз мешаванд.








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






