Рўзи дониш дар тамоми муассисаҳои таълимӣ 1 сентябр таҷлил мешавад
ДУШАНБЕ, 25.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. 1 сентябри соли равон — Рўзи дониш дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеият, дарсҳо тибқи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда шуда, 2 сентябри соли равон аз ҳисоби рӯзи 1 сентябр рўзи истироҳатӣ эълон карда шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин қарор имрӯз дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Инчунин зикр гардид, ки ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсатҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон вазифадор карда шудаанд, ки ҷараёни иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд






