23 сентябр Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад
ХУҶАНД, 20.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябри соли равон дар назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад. Дар назар аст, ки зимни баргузории барнома ба 15 нафар занҳои ҳунарманди шаҳри Хуҷанд грантҳои раиси шаҳр тақдим карда шаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар рӯзи таҷлили шаҳри Хуҷанд дар макони баргузории барномаҳои асосӣ, хаймаи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр бо маҳсули ҳунарҳои миллӣ, истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ, бофандагӣ, қаннодӣ ва ғайра ба маърази иштирокдорону сокинони шаҳр пешкаш мегардад.
Дар ин рӯз ҳамзамон озмуни шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» натиҷагирӣ гардида, ба чанд нафар пешқадамону фаъолони соҳаҳои мухталиф унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» супорида мешавад.
Барномаи калони рангини консертӣ бо иштироки саъаткорони маркази вилоят низ дар назар дошта шудааст.








«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд






