АЗИМ ИБРОҲИМ: «ДАР БУНЁДИ НБО «РОҒУН» ҲЕЧ КАС ҲУҚУҚИ ХАТО КАРДАН НАДОРАД!..». Боздиди кории муовини Сарвазири Тоҷикистон аз сохтмони бузурги аср

Сентябрь 29, 2017 09:09

ДУШАНБЕ, 29.09.2017 /АМИТ  «Ховар»/. Дирӯз муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” дидан намуд.

Муовини Сарвазир ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва сифати корҳои васлу насби толори мошин ва бинои трансформаторҳо баҳои мусбат дода, изҳор намуд, ки маҷмӯи корҳои нақшавӣ бояд дар доираи меъёрҳо ва муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд анҷом ёбад.

НБО РогунАзим Иброҳим ба масъулин дастуру супоришҳои тахассусии мушаххас дода, таъкид кард, ки дар қитъаҳои корҳои сохтмонии садди бунёдшаванда, мавзеи қабати намак, корҳои сементкунонӣ, такшоншавию ҷаббиши  об бояд диққати аввалиндараҷа ба сифати корҳои мустаҳкамгардонӣ равона гардад.

Муовини Сарвазири мамлакат иброз дошт, ки “дар сохтмони ин иншоот ҳеҷ кас ҳуқуқи хато кардан надорад, зеро иншооти мазкур бояд садсолаҳо ба наслҳои имрӯзу фардои кишвар хизмат расонад”.

Намояндагони фармоишгару пудратчии НБО “Роғун” тасдиқ намуданд, ки тамоми корҳои вобаста ба мустаҳкамгардонии садд зери назорати мутахассисон қарор дошта, дар он пайваста ташхисҳои мутобиқат гузаронида мешаванд.

Сентябрь 29, 2017 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад