Дар ноҳияи Панҷ ба шарафи Истиқлолият барномаи идона доир шуд
ҚӮРҒОНТЕППА, 08.09.2017 /АМИТ «Ховар» /. Шоми дирӯз бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Панҷ барномаи ҳунарии идона бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баргузор гардид.
Дар даромадгоҳи варзишгоҳ намоиши ҳунарҳои мардумии занони вилоят, аз ҷумла гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ ва дигар ҳунарҳои кадбонуҳои маҳаллӣ ба маърази намоиш гузошта шуда буд.
Қисми фарҳангии барнома бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ва вилоят баргузор гардида, дар барнома шеъру сурудҳои ватандӯстона садо доданд.
Барномаҳои идона бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон бегоҳи имрӯз доир мегарданд.









Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






