Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

Сентябрь 19, 2017 18:03

ДУШАНБЕ, 19.09.2017. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар  чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро дар ин чорабинии сатҳи баланд хайрамақдам гуфта, изҳори умедворӣ намуданд, ки мубоҳисаҳои имрӯза дар тақвият бахшидани кӯшишҳои муштараки мо ба хотири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” саҳми арзишманд хоҳанд гузошт.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки таҷрибаи андӯхтаи мо дар раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015” собит кард, ки ин қабил даҳсолаҳо метавонанд ҷиҳати мусоидат ба татбиқи вазифаю ҳадафҳо дар соҳаи рушд василаи басо судманд бошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон  карданд, ки татбиқи ин аҳдофу вазифаҳо танҳо дар сурати вусъат ёфтани ҳамкорӣ ва сафарбар намудани захираҳои зарурӣ – инсонӣ, молиявӣ ва фаннӣ – имконпазир мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки саъю талошҳо дар чаҳорчӯбаи Созмони Милал ва дигар ташкилоту ниҳодҳо, ки тайи ин давраи чилсола ҷой доштанд, барои вусъатбахшии раванди дастрасӣ ба оби ошомидании бехатар, густариши донишу малака дар соҳаи мудирияти фарогири захираҳои об, тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи об, ташаккули дидгоҳу заминаҳои нав барои баррасии мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавии марбут ба захираҳои об мусоидат карданд.

Бо вуҷуди ин пешравиҳо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ пешниҳод намуданд, ки омилҳое, ки майдони ҳамкориҳои минбаъдаро маҳдуд мекунанд, ба инобат гирифта шаванд. Аз назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамкории самараноки фаромарзӣ метавонад ба мудирият ва истифодаи оқилонаву устувори захираҳои об мусоидат намуда, боиси коҳиши хатари хароҷоти беасос ва таъмини тавозун байни шаклу навъҳои гуногуни истифодаи захираҳои об шавад.

Дар поёни сухани худ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон ба сифати кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ният дорад, ки ҷиҳати таъмини ҳамоҳангии фаъолият дар татбиқи он Маркази махсусро таъсис диҳад. Ҳамчунин бо мақсади татбиқи Нақшаи миллии амал ҷиҳати мусоидат ба Даҳсолаи байналмилалӣ пешниҳод намуданд, ки дар ин мавзӯъ дар соли 2018 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ даъват карда шавад.

Дар чорабинии мазкур ҳамчунин Раиси Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Мирослав Лайчак, Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Луи Женмин, Муовини Дабири кулл ва директори иҷроияи комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид Олга Алгаёрова, Муовини Дабири кулл ва директори иҷроияи Дафтари лоиҳавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба хизматрасонӣ Грет Фаремо, Сарвазири Тувалу Энеле Сосене Сопоага, Сарвазири Маврикий Анируд Ҷагнот, Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Айман ас-Сафадӣ, Вазири давлатии Давлати Қатар оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Султон бин Саад Ал-Мурейхи, Вазири Канада оид ба муҳоҷират, паноҳандагон ва шаҳрвандӣ Аҳмад Ҳусейн, Муовини Вазир оид ба рушди устувори Марокко Нежа эл Оуафи, Муовини Вазири корҳои хориҷии Эквадор Мария Карола Иникиез, Мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова, Раиси Хазинаи байналмиллалӣ оид ба рушди кишоварзӣ Жилбер Унгбо, Ёвари маъмурии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид Ҷиҳан Султаноглу, Ёрдамчии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон оид ба масъалаҳои глобалӣ Хидео Сузуки, намояндаи доимии Арабистони Саудӣ дар Созмони Милали Муттаҳид Абдулло ал-Муаллимӣ суханронӣ намуда, ташаббусҳои Тоҷикистонро дар мавриди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ҳамаҷониба дастгирӣ карданд ва ба нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба масъалаи об баҳои баланд доданд.

Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” 19.09.2017

Сентябрь 19, 2017 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик