Майдончаи варзишӣ ва солимгардонӣ – туҳфаи ВКД ҶТ ба сокинони Душанбе дар арафаи ҷашни Истиқлолият

Сентябрь 8, 2017 09:46

ДУШАНБЕ, 08.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи М. Шерализодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе майдончаи варзишию солимгардонӣ ифтитоҳ гардид. Дар расми ифтитоҳи он муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Абдураҳмон Аламшозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Фаррух Ҷумъазода, Раиси ноҳияи Сино Нусратулло Салимзода, сокинони маҳалла ва фаъолон иштирок намуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, айвону нишастгоҳҳои замонавӣ барои сокинон, майдончаҳои бозии футбол, волейбол ва баскетбол баҳри ҷавонону наврасон ва таҷҳизоти гуногуни бозӣ барои дилхушии кӯдакон аз қисматҳои асосии ин майдончаи солимгардонӣ мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, майдончаи варзишӣ бо маблағи 789 ҳазор сомонӣ аз тарафи Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ дар мӯҳлати кӯтоҳ сохта шуда, аз ҷониби роҳбарияти Вазорат ба сокинони кӯчаи Шерализодаи ноҳияи Сино дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ туҳфа гардид.

Сентябрь 8, 2017 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа