Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Директори генералии Созмони кишоварзӣ ва озуқаи СММ (ФАО)

Сентябрь 20, 2017 12:39

ДУШАНБЕ, 20.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милал Хосе Гратсиано да Силва баргузор шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, татбиқи барномаҳои мушаххас ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ дар кишвар ва дигар масоилро муҳокима карданд.

Инчунин ҷонибҳо дар робита ба роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати мусоидат ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 мубодилаи афкор анҷом доданд.

Сентябрь 20, 2017 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд