Нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо се забон аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 29.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 4 ҳазор нусха, иборат аз ду ҷилд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар нашриёти «Ганҷ» аз чоп баромад.
Бояд тазаккур дод, ки соли 2015 Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ бо теъдоди 1000 нусха дар нашриёти «Ганҷ» ва бо сифати баланд ба табъ расида буд. Дар Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» дар соли 2016 нашриёти «Ганҷ» барои чопи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши «Беҳтарин ороиш, сифат ва бандубаст» ғолиб дониста шуд.
Китоби мазкур дар асоси матни Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олами наботот ва ҳайвонот, нашри дуюм — 2015, ки ба он 267 намуди растаниҳо аз олами наботот ва 222 намуди ҳайвоноти нодир ва зери маҳвшавӣ қарордошта дохил карда шудаанд, омода гардидааст.
Китоб дар ду ҷилд – «Олами наботот» -ҷилди 1 ва «Олами ҳайвонот» –ҷилди 2, бо теъдоди 2000 нусхаӣ, дар маҷмӯъ 4000 нусха нашр гардидааст.
Интизор меравад, ки моҳи октябр Китоби Сурх ба дасти хонандагон расад. Ба андешаи мудири нашриёти «Ганҷ» Ҳаким Хушвахтов, Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коғази баландсифати истеҳсоли Финляндия чоп шуда, вазни ҳар як китоб тақрибан 3-4 кг-ро ташкил медиҳад.
Китоби Сурх ҳуҷҷати давлатӣ буда, ба кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хоҷагии ҷангал, мутахассисони соҳа, ботаникҳо ва зоологҳо, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, доираи васеи хонандагон ва дӯстдорони табиат тавсия карда мешавад.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






