Президенти Тоҷикистон: «Бе дониш ва илм — ду неруи пешбарандаи ҷомеа наметавон ояндаро сохт»

Сентябрь 1, 2017 11:39

ДУШАНБЕ, 01.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Робитаҳои илмиву маърифатӣ ба инкишофи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рафоқати байни халқҳо мусоидати ҳамаҷониба менамоянд. Ин нуктаро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар вохӯрӣ бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Синхуа, ҳамчунин ҳайати донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Чин таҳсил доранд, баён дошта, илова намуданд, ки «дониш ва илм дар садаи бисту як мазмуну мундариҷаи хос пайдо намуда, ба неруи пешбарандаи ҳар як ҷомеа табдил ёфтаанд, бе ин ду наметавон ояндаро сохт».

Сарвари давлат   зикр намуданд: «Ин фикр, алалхусус дар замони мо, ки давраи ҷаҳонишавист, маънии амиқе касб мекунад. Ба ин манзур таҳкими низоми илму маориф ва дар ин замина омода кардани насли ояндасози кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон эълон гардидааст».

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон беҳтар намудани сифати таҳсилро дар мадди назар гузошта, ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд. Дар идомаи суханронии худ ин равандро яке аз масъалаҳои меҳварии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, зикр намуданд: «Дар доираи чунин сиёсат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳсилот, донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён, бархӯрдор гардидани онҳо аз дастовардҳои илму техникаи муосир саъю талошҳои доимӣ ба харҷ медиҳад. Вобаста ба ин мо ҳамеша кӯшиш менамоем тамоми шароиту имконотро муҳайё созем, то ҷавонони мо тавонанд дар дохилу хориҷи кишвар таҳсилу касбомӯзӣ намуда, номбардори Ватанашон шаванд».

«Дар ин росто мо ба тавсеаи робитаҳоямон бо Чин дар соҳаи маориф таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем ва ҳамкориямонро дар ин арса яке аз самтҳои муҳими  маҷмӯи муносибатҳои ду кишвар медонем», илова намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сентябрь 1, 2017 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст