Вазири корҳои дохилӣ намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Россияро ба ҳузур пазируфт

Сентябрь 11, 2017 10:14

ДУШАНБЕ, 11.09.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рамазон Раҳимзода бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаҳои идона бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд, мулоқот анҷом дод.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҳозиринро бо вазъи сиёсии дохили кишвар, минтақа ва ҷаҳон огоҳ намуда, аз хатарҳои ба давлати мо таҳдидкунанда ҳушдор дод. Аз намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон даъват ба амал оварда шуд, ки дар минтақаҳои фаъолияташон, ки шумораи зиёди шаҳрвандони тоҷик дар он ҷойҳо ба меҳнат машғул ҳастанд, сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро дуруст фаҳмонида, аз гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва экстремистию террористӣ ҷилавгирӣ намоянд.

Ба иттилои манбаъ, меҳмонон аз даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ба ин намоиши идона ва дастгирию ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумат изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки пайваста бо ниҳодҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ қарор доранд ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ менамоянд.

Сентябрь 11, 2017 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид