Ҳайати Тоҷикистон дар Франсия масъалаи баргузории намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистонро дар Осорхонаи Гимеи Париж баррасӣ мекунад

Октябрь 30, 2017 15:03

ДУШАНБЕ, 30.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  Абдуҷаббор Раҳмонзода барои иштирок дар Конференсияи генералии ЮНЕСКО  ба Франсия рафтанд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар конференсияи генералии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж баргузор мегардад, суханронии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Ҳамчунин зимни ин сафар вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Франсия, инчунин роҳбарияти Осорхонаи Гимеи Париж ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон, ки баҳори соли 2019 дар Осорхонаи Гимеи Париж доир мегардад, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

 

Октябрь 30, 2017 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст