Дар Суғд барои соҳаҳои маорифу тандурустӣ миқдори зарурии ангишт захира шудааст
ДУШАНБЕ, 18.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» дар вилояти Суғд як зумра корҳо ба сомон расонида шудаанд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд, ҳоло дар миқёси вилоят 672 нуқтаи фурӯши ангишт фаъолият доранд, ки то 1 октябри соли 2017 дар ин нуқтаҳо 34 ҳазор тонна ангишт мавҷуд мебошад. Шумораи нуқтаҳои фурӯши гази моеъ 343 адад буда, захираи он 2000 тоннаро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, барои соҳаҳои маорифу тандурустӣ низ миқдори зарурии ангишт захира карда шудааст. Нақшаи захираи ангишт барои соҳаи маориф 12 253 тонна буда, то 10 октябри соли 2017 ба миқдори 12394,5 тонна захира гардидааст. Ин 101,2 фоизро ташкил медиҳад.
Нақшаи захираи ангишт барои соҳаи тандурустӣ 3513 тонна буда, то 10 октябри соли 2017 ба миқдори 3583 тонна захира гардидааст, ки 102 фоизро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






