«МАВЛАВИХОНӢ ВА САМО». Дар Душанбе доир ба ҳаёт ва фалсафаи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиш доир мешавад
ДУШАНБЕ, 18.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. 20 октябри соли равон бо ибтикори Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳаёт ва фалсафаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ таҳти унвони «Мавлавихонӣ ва само» ҳамоиши илмӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Институти мазкур иттилоъ доданд, дар ҳамоиш президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, директори Институти омўзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, Сафири Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Коксал ва насли 22-юми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Байру Айше Эсин сухан мегӯянд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамоиш дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соати 9:00 то 12:00 баргузор гардида, иштирок дар он озод аст.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






