Раёсати Академияи илмҳои ҶТ: илми адабиётшиносии миллӣ бинобар даргузашти Худоӣ Шариф талафоти азим дод

Октябрь 30, 2017 18:54

ДУШАНБЕ, 30.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрўз, нисфирўзӣ аҳли зиёи кишвар донишманд, муҳаққиқ ва мунаққиди камназири тоҷик  Худоӣ Шарифро, ки дирўз аз олам даргузашт, ба хок супориданд. Дар маросими дафнии адабиётшиноси маъруф  президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ иштирок намуда, тазаккур дод, ки аз даргузашти олими тавонои тоҷик илми филологияи ватанӣ талафоти азим дод.

Мо, аҳли зиёи Тоҷикистон, ки  дар маросими дафнии устоди сухан иштирок доштем, эҳсос менамудем, ки интиқоли қабрҳои шахсиятҳои шинохтаи кишварамон ба мавзеи зебоманзари Лучоб ба ҳамаи меёрҳои башаргароӣ ҷавобгўст ва зиёиёни мамлакат аз ин тадбирҳои зарурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истиқболм енамуданд. Маросими дафнии Худоӣ Шариф аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли илму фарҳанг ва тамаддуни миллӣ қадрдонӣ дида, Ҳукумати кишвар  ба бузургони сухан илтифот дорад.

Дар анҷом вазифадор ҳастем тазаккур диҳем, ки Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар даргузашти узви вобастаи хеш сахт андуҳгин буда, ба хешу ақрабои мадфун изҳори тасаллият менамояд.

                                                                               Раёсати

                                                                       Академияи илмҳои

                                                                      Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дафни Худои Шарифов Дафни Худои Шарифов-2 Дафни Худои Шарифов-3

Октябрь 30, 2017 18:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд